Душанбе, 21 августи соли 2026 — Дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари амалӣ оид ба омӯзиши барномаи «Transient Hydrologic Anomalies Weekly» (THAW) баргузор гардид, ки ба дарёфт ва мониторинги самараноки кӯлҳои нави кӯҳӣ ва кӯлҳое, ки тағйироти ғайримуқаррариро аз сар мегузаронанд, равона шудааст.
Дар семинари мазкур олимон ва мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ, Муассисаи давлатии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.
Бояд қайд намуд, ки барномаи «THAW» воситаи худкори мониторинги обанборҳои рӯизаминӣ буда, бо истифода аз маълумоти моҳвораии «Sentinel-1 SAR» ва платформаи «Google Earth Engine» фаъолият мекунад. Ин восита имкон медиҳад, ки ба хатари эҳтимолии рахнашавии кӯлҳо диққати махсус дода шуда, ҳамзамон кӯлҳое, ки ба мониторинги минбаъда ниёз доранд, сари вақт муайян карда шаванд.
Дар ҷараёни семинар иштирокчиён дар доираи гурӯҳҳо фаъолият намуда, татбиқи барномаи «THAW»-ро барои муайян намудани кӯлҳои эҳтимолан пайдошаванда дар ҳавзаҳои алоҳидаи пиряхии Осиёи Марказӣ омӯхтанд. Қисмати амалии семинар инчунин баррасии роҳҳои санҷиши натиҷаҳои бадастомада ва арзёбии зарурати мониторинги минбаъдаро дар бар гирифт.
Таваҷҷуҳи махсус ба мубодилаи таҷриба ва баррасии ниёзҳои мутахассисон дар самти мониторинги кӯлҳои кӯҳӣ ва системаҳои огоҳсозии бармаҳал аз рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ зоҳир карда шуд. Натиҷаҳои муҳокима ба такмили минбаъдаи системаҳо, протоколҳо ва воситаҳое, ки дар доираи лоиҳаи «GLOFCA» таҳия шудаанд, мусоидат хоҳанд намуд.
Семинари мазкур бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар шаҳри Алмаато ва Донишгоҳи Сюрих, дар доираи лоиҳаи минтақавии «Коҳиш додани осебпазирии аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ аз рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» (GLOFCA), ки аз ҷониби ЮНЕСКО амалӣ гардида, аз ҷониби Фонди мутобиқшавӣ маблағгузорӣ мешавад, ташкил ва баргузор гардид.






21.08.2026