Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории шанбегии дастаҷамъона бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, санаи 22 августи соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

   Дар чорабинии мазкур кормандони Агентӣ фаъолона иштирок намуда, корҳои тозакунӣ, ободонӣ ва беҳдошти муҳити атрофро анҷом доданд. Зимни баргузории шанбегӣ ҳудуди бинои маъмурии Агентӣ ва гирду атрофи он аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза карда шуд.

    Иштирокчиёни шанбегӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ дар корҳои ободонӣ саҳм гузошта, аҳамияти нигоҳдории муҳити тозаву озода ва ҳифзи табиатро ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ таъкид намуданд.

    Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин тадбирҳо дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, барои беҳтар намудани вазъи экологиву санитарӣ, баланд бардоштани фарҳанги ободонӣ ва таҳкими муҳити солими корӣ мусоидат менамояд.

    Кормандони Агентии обуҳавошиносӣ минбаъд низ ҷиҳати татбиқи тадбирҳои ободонӣ, сабзазоркунӣ ва ҳифзи муҳити зист фаъолона саҳм гузошта, барои тозаву озода, ободу зебо нигоҳ доштани муҳити атроф корҳои амалиро идома хоҳанд дод.

22.08.2026