Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф бахшида ба “Рӯзи дониш” ва “Дарси сулҳ”

31 августи соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентӣ тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф ба муносибати “Рӯзи дониш” ва “Дарси сулҳ” баргузор гардид.

Зимни тамошои ин мулоқоти муҳим иштирокчиён нуқтаҳои асосии суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи саводу маърифат, тарбияи насли соҳибдонишу соҳибкасб, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ бо таваҷҷуҳи махсус пайгирӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони баландихтисос тадбирҳои муассирро амалӣ менамояд. Ҳамзамон, барои мунтазам баланд бардоштани сифати таҳсилот таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои асосӣ, аз ҷумла такмили маҳорати касбии омӯзгорон, ҷорӣ намудани усулҳои пешқадаму самарабахши тарбия, таҳия ва нашри дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсии насли нав ва бо технологияҳои муосир таҷҳизонидани синфхонаву озмоишгоҳҳо муҳим арзёбӣ гардиданд.

Тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф, бахшида ба “Рӯзи дониш” ва “Дарси сулҳ” дар фазои якдилӣ баргузор гардида, иштирокчиён аз муҳтавои пурмазмун ва аҳаммияти тарбиявии он таассуроти нек бардоштанд.

31.08.2026