Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Фаъолият /

Обшиносӣ

Обшиносӣ

Обшиносӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ мебошад, ки ин захираҳо барои таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар ва минтақа нақши муаасир доранд. Айни замон захираҳои обӣ дар ҷумҳурӣ манбаи асосии истеҳсоли барқ мебошанд, ки 95% барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад. Инчунин истеҳсоли тақрибан 80% маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ низ тариқи обёрӣ ба даст меояд.

Бо назардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи ташакулёбии захираҳои обии Осиёи Марказӣ қарор дорад ва зиёда аз 55,4% ҷараёни обҳои минтақа дар ҷумҳурӣ ташакул меёбанд, ба омӯзиши ҷараёни дарёҳо дар ҳудуди ҳавзаҳои асосии ҷумҳурӣ диққати махсус дода мешавад.

Ҷиҳати омӯзиши реҷаи гидрологии объектҳои обӣ (дарёҳо ва кӯлҳо) ва ҳисоби захираи обҳои рӯизаминии ҷумҳурӣ 96 дидбонгоҳи обченкунӣ фаъолият мекунанд. Дар ин дидбонгоҳҳо мушоҳидаи сатҳ, сарф ва ҳарорати об, инчунин сифати объектҳои обӣ санҷиш ва таҳлил мешаванд.

Бо назардошти онки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асрсаи байналмилалӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташабусҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ яке аз кишварҳои ташабускор эътироф гардидааст, ин масъулияти мақомти марбутаро дучанд менамояд.

Бо мақсади таъмин намудани дурустии реҷаи дарёҳо дар самти обшиносӣ тамоми чораҳо роҳандозӣ гардидаанд. Айни замон барои санҷиши реҷаи обҳои дарё профилографи акустикӣ- доплерии “River Ray”, ки яке аз дастгоҳҳои нодир маҳсуб мегардад истифода мешавад, ки он имконияти чен намудани сураъати ҳаракати ҷараёни об то 5 м/с ва чуқурии об аз 0,4 то 60 м. дорост. Мутахассисони шӯъбаи обшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ин таҷҳизот андозагирии сарфи оби дарёҳоро амалӣ менамоянд.

Санҷиш ва таҳлили ҷараёни оби дарёҳо имконият фароҳам меовард, ки сарфи ҷараёни оби дарё ба таври фаврӣ таъмин ва танзим гардад.