Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Фаъолият /

Фаъолияти Шӯъбаи таҳлилӣ-иттилоотии обуҳавошиносӣ

Фаъолияти Шӯъбаи таҳлилӣ-иттилоотии обуҳавошиносӣ

Фаъолияти Шӯъбаи таҳлилӣ-иттилоотии обуҳавошиносӣ


Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ӯҳдадориҳои худ соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз қабили хоҷагии қишлоқ, манзил, роҳ, нақлиёт, об, ҳолатҳои фавқулодда, барқ, алоқа, аҳолӣ ва амсоли онҳоро бо маълумотҳои гуногуни обуҳавошиносӣ таъмин менамояд, ки он бевосита тариқи шуъбаи таҳлиӣ-иттилоотии обуҳавошиносӣ амалӣ гардида, чунин намуди маълумот ба сохторҳои дахлдор пешниҳод мегарданд: пешгӯиҳои обу ҳаво дар давоми як шабонарӯз (барои вилоятҳо, шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб), пешгуиҳои обу ҳаво дар давоми 1-6 шабонарӯз ва 1 моҳ (барои вилоятҳо); пешгӯии мавсимии зимистон, баҳор, тобистон ва тирамоҳ, пешгӯиҳои моҳона ва семоҳа, пешгӯиҳо оид ба тағйир ёфтани андозаи оби дарёҳои ҷумҳурӣ, пешгӯиҳои давраи вегетатсия (мавсими рушди обнокии дарёҳо), бюллетенҳои ҳаррӯзаи экологӣ оиди ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Гулистон, Бохтар, Турсунзода ва ғайраҳо. Пешгӯиҳои мавсимӣ - 4 маротиба, пешгӯии 1-моҳаи обу ҳаво - 12 маротиба, шарҳи вазъи обу ҳаво ва пайомадҳои омилҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ барои моҳи гузашта 12 маротиба,  бюллетенҳои обсанҷӣ ва агрометеорологӣ ҳар яке 36 маротиба ба тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ирсол мегарданд. Пешниҳоди иттилоот ба воситаи суроғаҳои электронӣ то имрӯз ба 47 адад расидааст, ки ин нисбати солҳои пешин бамаротиб зиёд аст.

Агентӣ барои оҷилан дастраси истифодабарандагон гардонидани пешгӯиҳои обу ҳаво аз воситаи алоқаи интернетӣ истифода намуда, мӯҳлати расонидан ва сифати маълумотҳо нисбатан хуб гардидаанд.

Ахборот ва маълумот ба истифодабарандагон асосан ба воситаи хати алоқаи интернет (суроғаҳои электронӣ) фиристода мешаванд, инчунин ба баъзе истифодабарандагон мустақиман дастрас карда мешаванд. Яке аз воситаҳои дигари расонидани маълумотҳои соҳавӣ ин сомонаи расмии Агентӣ www.meteo.tj мебошад, ки шумораи воридшавандагони он рӯз аз рӯз рӯ ба афзоиш намудааст. Ҳамарӯза маълумот оид ба обу ҳавои ҷумҳурӣ ба ВАО пешниҳод карда шуда, маълумотҳои ирсолшаванда дар намуди чопӣ ва электронӣ бойгонӣ карда мешаванд.

Ҷиҳати аз зуҳуроти номатлуби табиӣ эмин нигоҳ доштани хоҷагии халқи кишвар огоҳиҳо оиди ноустувории вазъи обу ҳаво, боришоти бошиддати борон, барф, жола, вазиши шамол ва бавуҷудоии чангу ғубор ва ғайраҳо пешниҳоди аҳолӣ гардонида мешавад.

Дастовардҳои меҳнатӣ бо истифода аз технологияи муосир :

-бо шарофати фароҳам овардани шароиту таҷҳизоти замонавӣ бо технологияҳои пешрафтаи иттилоотию коммуникатсионӣ ва таҷҳизоти сатҳи ҷаҳонӣ, дастрасрасии маълумоти дақиқ ва саривақтии обуҳавошиносӣ ва иқлимӣ ба аҳолӣ ва сохторҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар давраи муайяни вақт хеле самараноктар гардидааст.

- вақти омода намудани пешгӯиҳои обу ҳаво ва дастрасӣ ба истифодабарандагон кӯтоҳ гардид;

- ҳолати дар шакли электронӣ нигоҳ доштани иттилоот ба куллӣ беҳтар гардид;

-  бюллетенҳои ҳаррӯзаи обуҳавошиносӣ, обшиносӣ, агрометеорологӣ ва ғайраҳо дар тарҳи нав омода ва пешниҳод мегарданд.