Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Фаъолият /

Раёсати мониторинги муҳити зист

Раёсати мониторинги муҳити зист

Раёсати мониторинги муҳити зист

Раёсати мониторинги муҳити зист

Сохтори Раёсати мониторинги муҳити зист 

- Шуъбаи иттилоотии муҳити зист

- Шуъбаи мониторинги ифлосшавии обҳои рӯизамини ва нурафканӣ

- Шуъбаи мониторинги ифлосшавии ҳавои атмосферӣ

Вазифаҳои асосии РММЗ:

Раёсати мониторинги муҳити зист, ифлосшавии ҳавои атмосфера, обҳои рӯизаминӣ, ва радиатсияро назорат мекунад. Ин Раёсат тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро бо маълумоти доимӣ, оперативӣ ва пешгӯиҳо таъмин намуда, дар шакли ҳисобот ва солнома ҷамъбаст менамояд.


Шуъбаи иттилоотии муҳити зист ҳаррӯза маълумотҳоро коркард ва таҳлил намуда, дар шакли бюллетен, даҳрӯза, моҳона, солнома  омода карда, ба мақомотҳои давлатӣ ва маълумотҳои экологиро ба истифодабарандагон пешниҳоди менамояд.

Шуъбаи мониторинги ифлосшавии обҳои рӯизамини ва нурафканӣ ҳаррӯза намунаҳои об аз дарёҳои Ҷумҳурӣ ба санҷишгоҳ ворид гардида, онҳоро мутахассисон ташхис гузаронида маълумотҳои ба даст омодаро ба қайд гирифта барои коркарди минбаъда ба шуъбаи иттилоотии Раёсат пешниҳод менамояд.

Шуъбаи мониторинги ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз нуқтаи худкори воқеъ дар дохили Агентии обуҳавошиносӣ ҷойгир буда ҳаррӯза маълумотҳоро дар дафтар ба қайд гирифта, барои коркарди минбаъда ба Шуъбаи иттилоотии муҳити зист пешниҳод менамояд.

Инчунин бо Санҷишгоҳи сайёр дар ҳудуди ҷумҳурӣ мониторинги ифлосшавии ҳавои атмосфери гузаронида, маълумотҳои бадастомодаро барои таҳлил ба шуъбаи иттилолотӣ пешниҳод менамояд.