ЭЪЛОНИ ДАЪВАТИ НОМЗАДҲО
- Номи лоиҳа: Лоиҳаи идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ:
- Рақами грант: 9258-TAJ(EF)
Тавсифи озмун
ЭЪЛОНИ ДАЪВАТИ НОМЗАДҲО
Кишвар: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номи лоиҳа: Лоиҳаи идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ
Рақами грант: 9258-TAJ(EF)
Мақомоти иҷрокунанда: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазифаи холӣ: Мутахассис оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ ва масъалаҳои иҷтимоӣ
A. МАЪЛУМОТИ УМУМӢ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи «Лоиҳаи идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ» аз Фонди Ҷопон оид ба кумак барои шукуфоӣ ва устуворӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором (JFPR) ба маблағи 3,00 миллион доллари ИМА грант гирифтааст. Лоиҳа ба баланд бардоштани устувории Тоҷикистон ба обшавӣ ва талафоти пиряхҳо ва коҳиш додани осебпазирии системаҳои табиӣ ва иҷтимоӣ дар муқобили хатарҳои марбут ба криосфера ва пиряхҳо равона шудааст.
Лоиҳа се натиҷаи асосиро дар бар мегирад:
(i) таъсиси системаҳои рақамӣ барои мушоҳидаи криосфера ва огоҳкунии барвақт аз хатарҳо;
(ii) таҳкими иқтидори кормандон дар самти мушоҳида, идоракунӣ ва таҳлили ягонаи маълумот оид ба криосфера аз оғоз то анҷом; ва
(iii) такмили системаи огоҳкунии барвақт аз хатарҳои криосфера, ки ба ҷомеаҳо нигаронида шудааст.
Натиҷаи мазкур аз ҳисоби гранти кӯмаки техникии замимашуда маблағгузорӣ карда мешавад.
Лоиҳа аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Агентии обуҳавошиносӣ) амалӣ карда мешавад.
Дар назди Агентии обуҳавошиносӣ Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ) таъсис дода шудааст. ГТЛ барои татбиқи умумии лоиҳа, аз ҷумла идоракунӣ, харид, маъмурияти ҳаррӯза, мониторинг ва таҳияю пешниҳоди ҳисоботҳо масъул мебошад.
Мӯҳлати татбиқи лоиҳа 3 сол буда, аз моҳи январи соли 2026 то моҳи январи соли 2029-ро дар бар мегирад.
B. МАҚСАДИ ФАРМОИШ
Мутахассис оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ ва масъалаҳои иҷтимоӣ (EHSS) дар ҳайати ГТЛ барои таъмини риояи Изҳороти сиёсати ҳифзи Бонки осиёии рушд (SPS, 2009) ва талаботи дахлдори миллии ҳифзи муҳити зист ва иҷтимоӣ масъул мебошад. Инчунин, ӯ мунтазам санҷиш мегузаронад, то мутобиқати фаъолияти лоиҳа ба гурӯҳи C аз рӯи таснифи экологӣ ва таснифи кӯчонидани маҷбурӣ таъмин карда шавад. Ин кор тавассути гузаронидани санҷишҳои маҳдуди саҳроӣ ва пешниҳоди ҳисобот дар ҳолати ба миён омадани масъалаҳои пешбининашудаи марбут ба талаботи ҳифзи муҳити зист ва иҷтимоӣ анҷом дода мешавад.
Мутахассис бо Агентии обуҳавошиносӣ ва мушовир оид ба экология ва масъалаҳои иҷтимоӣ (E&S) зич ҳамкорӣ намуда, ҳамчун ҳамоҳангсоз ва нуқтаи тамоси асосӣ фаъолият мекунад. Ин ҳамкорӣ пешниҳоди саривақтии маълумот ва иттилооти дахлдор, инчунин мусоидат ба фаъолияти мушовир оид ба экология ва масъалаҳои иҷтимоӣ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдорро дар ҳолати зарурӣ дар бар мегирад. Ҳамчунин, мутахассис дар ҳолати зарурӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ва пудратчиён ҳамоҳангӣ менамояд.
C. ӮҲДАДОРИҲО ВА ДОИРАИ КОР
Фаъолияти ӯ бояд аз ҷумла, вале на танҳо, корҳои зеринро дар бар гирад:
(i) НАЗОРАТИ МУҲИТИ ЗИСТ
· Мониторинги насби ҳуҷраи пешакӣ омодашуда дар Навобод (масоҳати умумӣ — 50 м²);
· Назорат аз болои насби таҷҳизот дар панҷ нуқтаҳои мониторинг;
· Таъмини идоракунии дурусти партовҳо ва пешгирии рехтани маводи ифлоскунанда;
· Ҳуҷҷатгузории аксӣ ва санҷиши мутобиқат.
(ii) МУНОСИБАТ БО ҶОМЕАҲО
· Гузаронидани вохӯриҳои иттилоотӣ дар маҳалҳои татбиқи лоиҳа;
· Мусоидат ба гузаронидани машваратҳо бо таъмини иштироки зиёда аз 40 фоизи занон;
· Мониторинги ҷалби аҳолии маҳаллӣ ба кор (>30 фоиз аз ҷамоатҳои маҳаллӣ);
· Мусоидат ба ҷамъоварӣ ва таҳлили фикру мулоҳизаҳои ҷонибҳои манфиатдор;
· Мониторинги ҳама гуна таъсири пешбининашудаи иҷтимоӣ, аз ҷумла зарурати эҳтимолии кӯчонидани ҷисмонӣ ё иқтисодӣ ва гирифтани замин;
· Ҳамчун намояндаи маҳаллӣ оид ба Механизми баррасии шикоятҳо (GRM) фаъолият кардан, қабул, бақайдгирӣ ва пешниҳоди ҳисобот оид ба шикоятҳо ва дархостҳои ҷомеаҳо;
· Кор бо чор ҷамоат: Ванқалъа, Вер, Навобод ва Сучан.
(iii) САЛОМАТӢ ВА БЕХАТАРӢ / БЕХАТАРИИ МЕҲНАТ
· Таҳияи протоколҳои бехатарии меҳнат ва бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои баландкӯҳӣ;
· Ҳамоҳангсозии банақшагирии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода;
· Таъмини воситаҳои дахлдори муҳофизати шахсӣ (PPE) барои кормандон ҳангоми омодасозии қитъаҳо, насби таҷҳизот ва корҳои барқарорсозӣ дар маҳалҳо;
· Мониторинги гузаронидани омӯзишҳои бехатарӣ барои кормандон;
· Санҷиши мавҷудияти қуттиҳои ёрии аввалия ва воситаҳои алоқа барои ҳолатҳои фавқулода.
(iv) ҲИСОБОТДИҲӢ ВА МУТОБИҚАТ (10%)
· Санҷидани риояи стандартҳои экологӣ ва иҷтимоӣ аз ҷониби таъминкунандагон ва пудратчиён, талаб намудани ҳуҷҷатҳо ва арзёбиҳои зарурӣ ва таъмини риояи онҳо дар тамоми давраи татбиқи лоиҳа;
· Огоҳ намудани Директори ГТЛ ва гурӯҳ, инчунин Бонки осиёии рушд оид ба масъалаҳои муайяншудаи риояи талаботи ҳифзи муҳити зист ва иҷтимоӣ;
· Таҳияи хулосаҳои моҳонаи пешрафти корҳо, аз ҷумла оид ба ҷалби ҷомеаҳо;
· Пешниҳоди маълумот барои ҳисоботҳои семоҳаи Бонки осиёии рушд оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва иҷтимоӣ;
· Амалӣ намудани механизми баррасии шикоятҳо (системаи ду сатҳӣ) ва фаъолият кардан ҳамчун нуқтаи тамоси асосӣ оид ба қабул ва бақайдгирии шикоятҳо;
· Нигоҳдории пойгоҳи додаҳо (базаҳои маълумот) ва таҳлили тамоюлҳои чораҳои муҳофизатӣ ва механизми баррасии шикоятҳо.
D. ҲИСОБОТДИҲӢ
Мутахассис оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ ва масъалаҳои иҷтимоӣ ба Директори лоиҳа ҳисобот медиҳад. Ӯ бо гурӯҳи лоиҳа, Агентии обуҳавошиносӣ ва мушовирон зич ҳамкорӣ менамояд.
Мутахассис ҳисоботҳоро ҳар моҳ тибқи шакли барои Лоиҳа қобили қабул бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ пешниҳод менамояд. Ҳамчунин, ӯ барои пешниҳоди маълумоти ниҳоӣ ба бахши масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва иҷтимоӣ дар Ҳисоботҳои семоҳаи пешрафти лоиҳа (QPRs) масъул мебошад.
E. ТАЛАБОТИ ҲАДДИ АҚАЛ БАРОИ ТАХАССУС
1. Доштани дараҷаи бакалавр ва беҳтараш дараҷаи магистр дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва/ё илмҳои иҷтимоӣ, идоракунии захираҳои табиӣ, иқтисод, идоракунии соҳибкорӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, экология, муҳандисии кишоварзӣ ё сохтмонӣ ва ё соҳаҳои ба онҳо алоқаманд;
2. Ҳадди ақал 3 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи дахлдор;
3. Доштани маълумот ва таҷрибаи корӣ оид ба стандартҳои экологӣ, саломатӣ ва бехатарӣ, иҷтимоӣ ва дигар талаботи ҳифзи муҳити зист ва иҷтимоии муассисаҳои молиявии бисёрҷониба, бахусус Бонки осиёии рушд, бартарӣ ба ҳисоб меравад;
4. Таҷрибаи корӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ва миллӣ ва ҷомеаҳо;
5. Донистани хуби забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ ва донистани забони англисӣ;
6. Истифодабарандаи касбии компютер ва таҷҳизоти офисӣ.
F. МАҲАЛЛИ КОР
Мутахассис оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ ва масъалаҳои иҷтимоӣ дар идораи ГТЛ дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунад ва дар ҳолати зарурӣ ба минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар менамояд.
Маҳалҳои мушаххаси мониторинг:
· Стансия Навобод — ноҳияи Шуғнон (насби сохтори пешакӣ омода);
· Нуқтаи Демиёна — Ҷамоати Навобод (сафар бо нақлиёти заминӣ зарур аст);
· Нуқтаи Вуҷ — Ҷамоати Навобод (сафар бо нақлиёти заминӣ зарур аст);
· Нуқтаи Вед/Тангев — деҳаи Вед (сафар бо нақлиёти заминӣ зарур аст);
· Нуқтаи Оқмаҳмад — Ҷамоати Навобод (сафар бо нақлиёти заминӣ зарур аст, оператор зан мебошад);
· Нуқтаи Монем — деҳаи Монем (афзалияти асосӣ — бехатарӣ аз ҳайвоноти ваҳшӣ);
· Нуқтаи мониторинги пирях — дар рафти татбиқи лоиҳа муайян карда мешавад.
G. МӮҲЛАТИ ИҶРОИ ВАЗИФА
Интизор меравад, ки Мутахассис оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ ва масъалаҳои иҷтимоӣ иҷрои вазифаҳои худро аз моҳи августи соли 2026 оғоз намояд.
Шартнома ба муҳлати як сол баста шуда, имконияти тамдиди он пешбинӣ мегардад.
Ин супориш вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти мутахассис ва эҳтиёҷоти лоиҳа ҳар сол метавонад тамдид карда шавад.
H. ШАРТҲОИ ПАРДОХТ
Музди меҳнат тибқи ҷадвали штатии Лоиҳа дар назди Агентии обуҳавошиносӣ бо меъёри муқарраргардида, мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2025, №386, муқаррар карда мешавад.
Номзадҳои соҳибихтисос хоҳиш карда мешаванд, ки резюмеҳои худро тавассути почтаи электронӣ ба суроғаи зерин ирсол намоянд: tajmglow@gmail.com
Лутфан, номи вазифаро дар мавзӯи паёми электронӣ нишон диҳед.
Лутфан, ба назар гиред, ки резюме бояд тибқи қолаби аз ҷониби Мақомоти иҷрокунанда қабулшуда бо забони англисӣ (шакли CV ADB) таҳия ва ирсол карда шавад. Ҳаҷми резюме набояд аз панҷ (5) саҳифа зиёд бошад.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонед аз рӯзи душанбе то ҷумъа, аз соати 9:00 то 17:00, бо мо тамос гиред.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
кӯчаи Бобоҷон Ғафуров, 13/1, шаҳри Душанбе, Тоҷикистон (ошёнаи 1, ҳуҷраҳои №10 ё №11).
Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: 12 августи соли 2026, соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ.