Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Озмунҳо

Дархост барои пешниҳоди нарх

Дархост барои пешниҳоди нарх:
Дархост барои пешниҳоди нарх

Тавсифи озмун

Сана:15 сентябри соли 2026

Рақам ва номи грант: 9258-TAJ: Лоиҳаи «Идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ»

Рақам ва номи бастаҳои озмунӣ: GDS-07A ва GDS-07В: Таҷдиди стансияи барфу тармасанҷӣ

Мӯҳлати охирони пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: 28 сентябри соли 2026 соати 10:00 (бо вақти Душанбе)

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузорӣ аз ҷониби Бонки Рушди Осиё (БОР) барои хароҷоти Лоиҳаи «Идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ» дархост пешниҳод намудааст ва ният дорад, ки як қисми ин маблағгузориро барои пардохтҳо тибқи шартномаи болозикр истифода барад. Озмун барои иштирокчӣ мувофиқи талаботҳои БОР кушода буда, манбаъи таъминкунандаи борҳои истеҳсолашон аз аъзо-кишварҳои БОР ҳуқуқи иштирок карданро дорад.

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳамчун «Харидор» аз ҳавасмандони соҳибҳуқуқ даъват менамояд, ки лифофаҳои мӯҳрзадашударо барои таҷдиди стансияи барфу тармасанҷӣ пешниҳод намоянд.  

Барои гирифтани маълумоти мукаммал ва аз назаргузаронии ҳуҷҷатҳо, ҳавасманд метавонад бо Лоиҳа воқеъ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров, 13/1, ш. Душанбе ва ё тавассути почтаи электронии tajmglow@gmail.com тамос гирад.

Лутфан, бастаи дархости мувофиқро дар сатри мавзӯи мактуби пешниҳодгарданда қайд намоед.