Дархост барои пешниҳоди нарх (эълони такрорӣ)
- 23 октябри соли 2026:
- 03 ноябри соли 2026 соати 10:00 (бо вақти Душанбе)
Тавсифи озмун
Сана: 23 октябри соли 2026
Рақам ва номи грант: 9258-TAJ: Лоиҳаи «Идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ»
Рақам ва номи бастаи озмунӣ: GDS-09: Асбобҳои дастӣ барои мушоҳидаҳои метеорологӣ
Мӯҳлати охирони пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: 03 ноябри соли 2026 соати 10:00 (бо вақти Душанбе)
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузорӣ аз ҷониби Бонки Рушди Осиё (БОР) барои хароҷоти Лоиҳаи «Идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ» дархост пешниҳод намудааст ва ният дорад, ки як қисми ин маблағгузориро барои пардохтҳо тибқи шартномаи болозикр истифода барад. Озмун барои иштирокчӣ мувофиқи талаботҳои БОР кушода буда, манбаъи таъминкунандаи борҳои истеҳсолашон аз аъзо-кишварҳои БОР ҳуқуқи иштирок карданро дорад.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳамчун «Харидор» аз ҳавасмандони соҳибҳуқуқ даъват менамояд, ки лифофаҳои мӯҳрзадашударо барои таъмини Асбобҳои дастӣ барои мушоҳидаҳои метеорологӣ пешниҳод намоянд.
Барои гирифтани маълумоти мукаммал ва аз назаргузаронии ҳуҷҷатҳою таснифот, ҳавасмандон метавонанд ба Лоиҳаи болозикр воқеъ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров, 13/1, ш. Душанбе ва ё тавассути почтаи электронии tajmglow@gmail.com муроҷиат намоянд.
Лутфан, Рақам ва номи бастаи озмуниро дар сатри мавзӯи мактуби пешниҳодгарданда қайд намоед.
Ҳамзамон, барои он ширкатҳое, ки аллакай ҳуҷҷатҳояшонро супоридаанд, аз сари нав супоридани ҳуҷҷатҳо зарурат надорад, зеро ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дар пойгоҳи маълумоти Лоиҳа маҳфузанд.