Эълон барои ишғоли хизматрасониҳои мушовирӣ
- ш. Душанбе:
- 30.04.2026 (соати 17:00-и вақти маҳаллӣ)
Contest Description
Эълон барои ишғоли хизматрасониҳои мушовирӣ
Ташкилот: БРСММ/Агентии обуҳавошиносии КҲМЗ ҶТ
Вазифа: мушовирҳои миллӣ оид ба омодасозии Ҳисоботи аввали дусолаи шаффофият ва Гузориши панҷуми миллӣ якҷоя бо Ҳисоботи дуюми дусолаи шаффофияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рамзи мушаххаси лоиҳа: 01002226
Макон: ш. Душанбе
Муҳлати ниҳоии
пешниҳоди дархост: 30.04.2026 (соати 17:00-и вақти маҳаллӣ)
Навъи шартнома: Инфиродӣ
Муҳлати амали шартнома: аз 1 то 8 моҳ
Маълумоти умумӣ
Лоиҳаи «Омодасозии Ҳисоботи аввали дусолаи шаффофият ва Гузориши панҷуми миллӣ якҷоя бо Ҳисоботи дуюми дусолаи шаффофияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи Барномаи рушди СММ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии обуҳавошиносӣ бо мақсади таъмини иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Созишномаи Париж татбиқ мегардад.
Вазифаҳо, уҳдадориҳо ва масъулиятҳо
Қисмати 1. Феҳристи миллии партовҳои газҳои гулхонаӣ ва ҳуҷҷатҳои дахлдори он
Шаш (6) мушовирони техникӣ оид ба бахисобгирии газҳои гулхонаӣ
- Таъмин намудани навсозии маълумот вобаста ба феҳрист оид ба газҳои гулхонаӣ ва тағйирёбии иқлим дар заминаи миллӣ таъмин карда шавад, аз ҷумла омода намудани тавсифи мухтасари шароити миллӣ ва механизмҳои институтсионалӣ, ки ба равандҳои таҳия, баррасӣ ва такмили феҳрист алоқаманд мебошанд.
- Таъмини навсозии феҳристи газҳои гулхонаӣ то соли 2024 (NC5/BTR2) дар бахшҳои энергетика, равандҳои саноатӣ ва истифодаи маҳсулот (IPPU), кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва дигар намудҳои истифодаи замин (AFOLU), инчунин партовҳо бо истифода аз дастурамали Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносон оид ба тағйирёбии иқлим (IPCC) соли 2006 ва Такмилҳои соли 2019, инчунин гузаронидани таҳлили тамоюлҳо аз рӯи силсилаи вақт барои давраи солҳои 1990–2024.
Қисмати 2. Пешрафт дар татбиқ ва дастовардҳо дар нишондиҳандаҳои Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяндшуда (ССММ), аз ҷумла маълумот оид ба тадбирҳои сиёсӣ ва коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим
Чор (4) мушовирони техникӣ оид ба мониторинги Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяндшуда.
Чор (4) мушовирони техникӣ оид ба коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим.
- Таъмин намудани пешниҳоди маълумот ҷиҳати пайгирии пешрафт вобаста ба татбиқ ва дастовардҳо дар нишондиҳандаҳои Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда мутобиқи моддаи 4-и Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим.
Қисмати 3. Маълумоти марбут ба таъсири тағйирёбии иқлим ва тадбирҳои мутобиқшавӣ тибқи моддаи 7-и Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим
Ду (2) мушовирони техникӣ оид ба моделсозии иқлим ва таҳлили осебпазирӣ.
Ду (2) мушовирони техникӣ оид ба коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ, талафот ва ҳисорот.
- Мутобиқи Шароитҳо, тартибот ва дастурҳои роҳнамо (MPGs) ва дастурҳои роҳнамо барои ирсоли иттилооти мутобиқшавӣ дар доираи NC5/BTR2 ҷамъбаст намудани маълумот оид ба шароити миллӣ, ки ба мутобиқшавӣ вобаста мебошанд.
- Таҳия ва таҳлили сенарияҳои иқлимӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2100.
Қисмати 4. Дастгирии дарёфтшуда ва дигар маълумот
Ду (2) мушовирони миллӣ оид ба маблағгузории иқлимӣ.
Як (1) мушовири миллӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ.
- Таъмини омода намудани тавсифи муфассали шароити миллӣ ва механизмҳои институтсионалӣ, ки барои пайгирӣ ва пешниҳоди ҳисобот оид ба дастгирии зарурӣ гирифташуда амал мекунанд.
- Таъмини ҷамъоварӣ ва пешниҳоди маълумот дар самти маблағгузорӣ оид ба дастгирии пешбинишуда ва дастрасшуда, таҳия ва интиқоли технологияҳо, инчунин баланд бардоштани иқтидор.
- Таъмини ҷамъоварӣ ва навсозии дигар маълумоти марбут (масалан, ҷанбаҳои гендерӣ), аз ҷумла бобҳои иловагии Гузориши миллӣ (тадқиқот ва мушоҳидаҳои системавӣ; таълим, тайёр намудани кадрҳо ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ).
Таҷрибаи корӣ ва малакаҳо
- На камтар аз 3 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаҳои дахлдор (экология, тағйирёбии иқлим, муҳити зист, соҳаи иҷтимоӣ, ҳуқуқ, муносибатҳои байналмилалӣ ва дигар самтҳои марбут).
- Таҷрибаи тасдиқшудаи иштирок дар лоиҳаҳое, ки ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва баланд бардоштани устуворӣ ба он равона шудаанд.
- Дониши касбӣ оид ба шароити чаҳорчӯб ва талаботи Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим ва Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда.
- Малакаҳои комили таҳлилӣ ва тадқиқотӣ, қобилияти таҳияи ҳисоботҳои асоснок ва ҳуҷҷатҳои сиёсӣ/техникӣ.
- Малакаҳои аълои коммуникатсионӣ, аз ҷумла ҳамоҳангсозии ҷонибҳои ҳавасманд ва баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ ва муаррифӣ.
- Таҷрибаи кор бо техникаи компютерӣ ва барномаҳои офисӣ (MS Word, Excel ва ғайра).
Таҳсилот
Маълумоти олии касбӣ дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, иқтисодиёт, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, журналистика, ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва фанҳои табиӣ-илмии марбут (обуҳавошиносӣ, яхшиносӣ, экология, география, химия, биология, геоинформатика, зондкунии фосилавии Замин) ва дигар самтҳои дахлдор, афзалият ба номзадоне дода мешавад, ки дорои дараҷаи илмӣ ва ихтисоси баланди касбӣ мебошанд.
Забондонӣ
Озод ва комил донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист.
Муҳлати дархост
Номзадҳои ҳавасманд бояд ҳуҷҷатҳои худро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ на дертар аз 30 апрели соли 2026, соати 17:00 бо вақти Душанбе, тавассути роҳҳои зерин пешниҳод намоянд:
- ҳангоми ирсол тавассути почтаи электронӣ: ҳуҷҷатҳоро ба нишонии climate.tj@gmail.com ирсол намуда, ҳатман номи вазифаро дар сатри «Мавзӯъ» нишон диҳанд;
- ҳангоми пешниҳоди ҳузурӣ: ҳуҷҷатҳоро ба суроғаи зерин пешниҳод намоянд: кӯчаи Б. Ғафуров 13/1, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Рӯйхати ҳуҷҷатҳо:
- Маълумотнома бояд дар бораи таҳсилот, таҷрибаи касбӣ, малакаҳо, салоҳиятҳои асосӣ, инчунин таҷрибаи иштирок дар лоиҳаҳо дар соҳаи дахлдорро дар бар гирад;
- Номаи ҳавасмандӣ бояд на камтар аз як саҳифаи формати А4 бошад ва асосноккунонии ҳавасмандӣ ба вазифа, таҷрибаи дахлдор ва саҳми интизории номзадро дар бар гирад;
- Номаи ҳамроҳ бояд маълумоти мухтасар дар бораи номзад, мутобиқат ба талаботи ҷойи корӣ ва ҳатман нишон додани номи вазифа дар сатри «Мавзӯъ» ҳангоми пешниҳоди электронӣ дар бар гирад.
Танҳо номзадҳои мувофиқ ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.