Agency for hydrometeorology
The Committee of Environmental Protection under the
Government of the Republic of Tajikistan
Home /

News

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд...

Ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ ҳамеша бар он ҷаҳд намояд, ки соҳибақлу соҳибхирад ба воя бирасад. Байни дӯстону наздикон обрӯю эътибор ва манзалату қиммат дошта, муҳити иҳотакарда ӯро пазируфта, эхтиромашро ба ҷо оранд. Лекин ин нишонаҳои бузург барои инсон ба осонӣ муяссар намешаванд. Барои ба даст овардани обрӯ машаққати зиёд лозим омада, барои соҳибкасб гаштан бисёр мебояд омӯхт. Барои ифтихорманд гаштан худ бояд кони ақлу заковат ва соҳибақл бояд буд, то пешаи дурустеро интихоб намуда, тавассути меҳнати ҳалол обрӯ пойдор кард.

       Саидҷамолова Парвина Қурбоналиевна аз замири онҳоест, ки шахсияти хирадманду соҳибмаърифат буда, сарфи назар аз пастию баландиҳои рӯзгор ҳамеша соҳибэҳтиром аст, зеро ӯ хушбахтии хешро дар саодати халқу миллат ва кишвар медонад.

 Парвина Қурбоналиевна аз соли 1996 инҷониб пешаи обуҳавошиносиро касб намудааст. Мавсуф санаи 9 ноябри соли 1978 дар шаҳри Душанбе дар оилаи коргар таввалуд шуда, соли 1998 Донишкадаи давлатии омўзгории Тоҷикистон, факултаи географияро хатм намудааст.

Фаъолияти кории худро аз соли 1996 дар Хадамоти обуҳавошиносии кишвар оғоз намуда, солҳои 1996-1997 ба ҳайси техник ва солҳои 1997-1998 муҳандиси шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Маркази обуҳавосанҷии Сарраёсати обуҳавосанҷии ҳифзи муҳити зисти ш. Душанбе кор ва фаъолият намудааст. Аз соли 1998 то соли 2009 сармутахассиси шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Марказ, солҳои 2010-2017 ба ҳайси сардори Шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Маркази обуҳавосанҷии Сарраёсати обуҳавосанҷӣ ва ҳифзи муҳити зисти ш. Душанбе адои вазифа намудааст. Аз соли 2017 то соли 2021 муовини сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Маркази обуҳавосанҷии Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тиҷикистон ва аз моҳи июли соли 2021 то ба имрӯз сардори Маркази пешгӯии обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошта, фаъолияти пурсамар дорад. Ӯ барои омода намудани мутахассисони ҷавон дар самти обуҳавосанҷӣ саҳми арзандаро дошта, дӯстоштаи кору фаъолияти худ мебошад.

    Албатта, ҳунарвар ва соҳибкасб ҳамеша соҳибиззат аст, зеро заҳмати бепоёнаш ҳамеша ба ӯ сарбаландӣ меорад. Фаъолияти пурмаҳсул ва заҳматҳои шабонарӯзии Саидҷамолова Парвина Қурбоналиевнаро дида, аз тарафи роҳбарияти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳо сарфароз гардонида шудааст.

Боиси зикр аст, ки санаи 3 сентябри соли ҷорӣ Саидҷамолова Парвина Қурбоналиевна барои саҳми арзандаашон дар соҳаи обуҳавошиносӣ бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 14 августи соли 2024, №847 бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуд.

Роҳбарият ва кормандони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷамолова Парвина Қурбоналиевнаро бо ин дастоварди соҳавӣ таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом, умри дарозу пурбаракат ва дар фаъолияти меҳнатиашон бурдбориҳои беназирро таманно доранд.


04.09.2024