Ҳамасола рӯзи 22 март дар бисёр давлатҳои ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии об (World Day of Water) ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз 22 феврали соли 1993 бо қарори Асамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ шудааст.
Об - асоси ҳаёт дар рӯи Замин буда, он дар таркиби растаниҳо 90 фисад, ҳайвонот 75 фисад мавҷуд аст. Аз се ду ҳиссаи организми мо ҳам аз об ташкил ёфтааст. Талафёбии 10-20 фисади об дар организмҳои зинда ба нобудшавии онҳо оварда мерасонад. Аз сабаби бемайлон зиёд шудани аҳолӣ, тараққиёти соҳаи саноат ва хоҷагии қишлоқ муҳимияти об ва зарурияти ҳифзи манобеи обӣ бештар мегардад. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки ҳаёт ва саломати мо аз миқдор ва сифати он вобаста аст.
Оби тоза - проблемаи глобалии одамият ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин Рӯзи байналмилалии обро ҷашн гирифта, мо бояд инро дар хотир дошта, захираҳои обии худро ҳифз намоем.
Об неъмати бебаҳо буда, истифодаи нодурусти он метавонад инсониятро дар ояндаи на чандон дур ба мушкилоти ҷиддие рӯ ба рӯ кунад. Аз ин рӯ шароити кунунии ҷаҳон тақозо мекунад, ки дар баҳрабардорӣ аз манобеи обӣ, аз беҳтарин ва пешрафтатарин фановариҳои рӯз кор гирифта шуда, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд сабабгори исрофи об шуд.
Тағйирёбии иқлим яке аз проблемаҳои муҳимтарини муҳити зист буда, қариб ба тамоми ҷанбаҳои фаъолияти ҳаётии мардуми сайёра таъсир расонида истодааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки тағйирёбии иқлим ба саломатии одамон, муҳити зист, кишоварзӣ, инфраструктураи нақлиёт ва дигар соҳаҳои рушди устувор таъсири манфӣ мерасонад. Вале таъсири он ба захираҳои об аз ҳама бештар аст
Бо назардошти гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташабусҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ яке аз кишварҳои ташабускор эътироф гардида, ин масъулияти мақомти марбутаро дучанд менамояд.
Албатта мо метавонем инъикоси ташаббусҳои созанда ва бевоситаи Пешвои муаззами миллатро дар ҷодаи ҳифзи захираҳои обии ҷаҳонӣ дар марҳилаҳои зайл мушоҳида намоем:
- пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (МУ СММ, 1 октябри 1999) - эълон намудани соли 2003 - Соли оби тоза. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29 август - 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид;
- пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”. 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард;
- ташаббуси эълон намудани соли 2013 ҳамчун соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об. Соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ бинобар Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 67/204, ки муаллифаш Тоҷикистон аст, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро қайд намуд. Маросими оғози Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж 11 феврали соли 2013 баргузор гардид.
- пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”. 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2018-2028-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кард. Қобили зикр аст, ки ташаббуси мазкур бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 апрели соли 2015 зимни баргузории Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея ироа гардида буд.
Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2003 то соли 2010 дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои гуногуни об гузаронида шуд, ки муҳимтаринашон инҳо мебошанд:
- Форуми байналмилалии оби тоза, 29 август – 1 сентябри соли 2003;
- Конфронси байналмилалӣ доир ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои байнисарҳадӣ, 30 май – 1 июни соли 2005;
- Конфронси байналмилалӣ доир ба коҳиш додани офатҳои табиии марбут ба об, 27 - 29 июни соли 2008;
- Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамӯҳлати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005 - 2015, 8 -10 июни соли 2010.
Бояд қайд намуд, ки ҷонибдорӣ ёфтани 4 ташаббуси глобалии экологии Тоҷикистон вобаста ба ҳалли масъалаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи об дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи махсусро ишғол менамояд.
Бахшида ба оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», рӯзи 22 марти соли 2018 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чорабинии сатҳи баланд доир гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳайси роҳбари кишвари ташаббускори масоили об дар он иштирок ва суханронӣ намуданд.
Яке аз ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маърӯза дар чорабинии мазкур «эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаи андӯхта ва ҳамкориҳо дар соҳаи об» баён намуданд.
Бо назардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи ташакулёбии захираҳои обии Осиёи Марказӣ қарор дорад ва зиёда аз 60% ҷараёни обҳои минтақа дар ҷумҳурӣ ташакул меёбанд, ба омӯзиши ҷараёни дарёҳо дар ҳудуди ҳавзаҳои асосии ҷумҳурӣ диққати махсус дода мешавад.
Ҷиҳати омӯзиши реҷаи обшиноси (гидрологӣ)-и объектҳои обӣ (дарёҳо ва кӯлҳо) ва ҳисоби захираи обҳои рӯизаминии ҷумҳурӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 96 дидбонгоҳи обченкунӣ фаъолият мекунанд. Дар ин дидбонгоҳҳо мушоҳидаи сатҳ, сарф ва ҳарорати об, инчунин сифати объектҳои обӣ санҷиш ва таҳлил мешаванд.
Бо мақсади таъмин намудани дурустии реҷаи дарёҳо дар самти обшиносӣ тамоми чораҳо роҳандозӣ гардидаанд. Айни замон барои санҷиши реҷаи обҳои дарё таҷҳизоти профилографи акустикӣ-доплерии “River Ray”, ки яке аз дастгоҳҳои нодир маҳсуб мегардад истифода мешавад, ки он имконияти чен намудани сураъати ҳаракати ҷараёни об то 5 м/с ва чуқурии об аз 0,4 то 60 м дорост. Мутахассисони шӯъбаи обшиносии Маркази таъмини низоми обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ин таҷҳизот андозагирии сарфи оби дарёҳоро амалӣ менамоянд.
Санҷиш ва таҳлили ҷараёни оби дарёҳо имконият фароҳам меовард, ки сарфи ҷараёни оби дарё ба таври фаврӣ таъмин ва танзим гардад.
Яқубов Муҳаммадҷон- сардори шуъбаи обшиносии Маркази таъмини низоми обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошинос
18.03.2025