Agency for hydrometeorology
The Committee of Environmental Protection under the
Government of the Republic of Tajikistan
Home /

News

Вусъати корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ

Санаи 24 январи соли равон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва кормандони Агентӣ фаъолона иштирок намуда, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва зебопарастӣ дарахтони сояафкан ва ороишӣ шинонданд. Ин иқдом ба зебо гардидани муҳити зист ва боз ҳам сабзу хуррам шудани ҳудуди Агентӣ мусоидат намуд.

Чорабинии мазкур ҷузъе аз барномаҳои умумимиллии ободониву сабзгардонӣ буда, ба беҳдошти ҳолати экологӣ ва тарбияи фарҳанги ҳифзи муҳити зист равона шудааст.

24.01.2026