Огоҳӣ!
Рӯзҳои 10–11 ноябри соли ҷорӣ дар қисми зиёди ҳудуди ҷумҳурӣ ноустувории вазъи обу ҳаво пешгӯӣ шуда, боришот (борон, барф) ба амал меояд. Дар ноҳияҳои водию-доманакӯҳӣ боришот асосан дар шакли борон пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр) гузариши борон ба барф дар назар аст. Рӯзонаи 10 ноябр дар қисми зиёди ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ), аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, инчунин дар аксари ноҳияҳои вилояти Суғд боришоти бошиддат, асосан дар шакли борон пешгӯӣ шуда, охири рӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр) боришоти борон ба барф мегузарад. Шабонаи 11 ноябр дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд боришоти бошиддат пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои 10–11 ноябр пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳарорати ҳаво то 7–12° гармиро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои алоҳида шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 13-18м/с дар назар аст. Рӯзҳои 9 то 13 ноябри соли ҷорӣ бо сабаби ба амал омадани боришот дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии вилоятҳои Суғду Хатлон, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад. Ҳамзамон, дар дарёҳои Обихингоб, Вахш, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест. Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин шароити вазъи обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро андешанд.
Рӯзона / Шабона
Обу ҳаво барои имрӯз
Ахбор
Варақаҳои матбуотӣ
05.11.2026
ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶРИБАИ МИЛЛИРО ДАР СЕМИНАРИ МИНТАҚАВИИ ЛОИҲАИ “GLOFCA” ДАР ШАҲРИ АЛМАТО МУАРРИФӢ НАМУД (2 – 4 ноябри соли 2026 | шаҳри Алмато, Ҷумҳурии Қазоқистон)
Муфассал хонед
Варақаҳои матбуотӣ
05.11.2026
КОНСТИТУТСИЯ — ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА КАФИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА!
Муфассал хонед
Варақаҳои матбуотӣ
22.10.2026
Вохӯрии роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ бо Ҳайати мустақили арзёбии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муфассал хонед
Варақаҳои матбуотӣ
21.10.2026
Насби стансияи худкори обуҳавосанҷӣ дар ноҳияи Мурғоб
Муфассал хонед
Варақаҳои матбуотӣ
17.10.2026
ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА БАҲРИ ОБОДОНӢ ВА ТАЪМИНИ ТOЗАГИИ МУҲИТИ ЗИСТ
Муфассал хонед
Варақаҳои матбуотӣ
05.10.2026
ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ - ПОЯИ ВАҲДАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Муфассал хонед
Варақаҳои матбуотӣ
30.09.2026
Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ дар нуҳ моҳи соли 2026
Муфассал хонед
Варақаҳои матбуотӣ
27.09.2026
Аксияи тозагии соҳил дар Резервати биосферии “Ромит” баргузор гардид
Муфассал хонед
Варақаҳои матбуотӣ
18.09.2026
Семинари машваратӣ оид ба махсусиятҳои Озмоишгоҳи таъмири таҷҳизоти электронӣ
Муфассал хонед
Варақаҳои матбуотӣ
11.09.2026
Дар пиряхи Тоҷикистон (Федченко) экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов баргузор гардид
Муфассал хонед