Шарҳи экологӣ
Сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Тибқи маълумотҳои Раёсати мониторинги муҳити зисти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санаи 16 апрели соли 2026 сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар шаҳрҳои ҷумҳурӣ нисбат ба рӯзи гузашта каме тағйир ёфта, нисбати шабонарӯзи гузашта нишондоди миёнаи шабонарӯзии моддаҳои мушоҳидашаванда чунин аст. Ҳолати баланд (ИБ) ва Ниҳоят баланди ифлосшавӣ (НИБ) ба кайд гирифта нашудааст.
Консентратсияҳои моддаҳои мушоҳидашаванда
дар ш. Душанбе
Дар фазои ш. Душанбе баландшавии консентратсияи миёнаи шабонарӯзии оксиди карбон (СО) аз 0,14 то 0,16; дуоксиди нитроген (NO2) аз 0,67 то 0,75; фториди гидроген (HF) аз 0,0 то 0,02 ҲМҒм.шр ва ҷамъи дуоксидҳои нитрогену сулфур (NO2+SO2) аз 0,33 то 0,36 мушоҳида гардид. Пастшавии консентратсияи миёнаи шабонарӯзии зарачаҳои 10 мкр. (РМ-10) аз 19 то 3,72; зарачаҳои 2,5 мкр. (РМ-2,5) аз 6,5 то 1,48; озон (О3) аз 1,2 то 0,75; оксиди нитроген (NO) аз 0,22 то 0,2; дуоксиди сулфур (SO2) аз 0,1 то 0,08; формалдегид (СН2О) аз 0,33 то 0,0; фенол (С6Н6О) аз 0,17 то 0,0 ҲМҒм.шр ба қайд гирифта шуд.
дар ш. Хуҷанд
Дар фазои ш. Хуҷанд баландшавии консентратсияи миёнаи шабонарӯзии моддаҳои муаллақ (чанг) аз 0,13 то 0,67 ҲМҒм.шр мушоҳида гардид. Пастшавии консентратсияи миёнаи шабонарӯзии дуоксиди сулфур (SO2) аз 0,04 то 0,02 ҲМҒм.шр ба қайд гирифта шуд. Консентратсияи миёнаи шабонарӯзии дуоксиди нитроген (NO2) 0,07 ҲМҒм.шр ва ҷамъи дуоксидҳои нитрогену сулфур (NO2+SO2) 0,03 бетағйир боқӣ монд.
дар ш. Гулистон
Дар фазои ш. Гулистон баландшавии консентратсияи миёнаи шабонарӯзии моддаҳои муаллақ (чанг) аз 0,05 то 0,33 ҲМҒм.шр мушоҳида гардид. Пастшавии консентратсияи миёнаи шабонарӯзии дуоксиди нитроген (NO2) аз 0,22 то 0,1; дуоксиди сулфур (SO2) аз 0,18 то 0,08 ҲМҒм.шр ва ҷамъи дуоксидҳои нитрогену сулфур (NO2+SO2) аз 0,12 то 0,06 ба қайд гирифта шуд.
дар ш. Бохтар
Дар фазои ш. Бохтар баландшавии консентратсияи миёнаи шабонарӯзии дуоксиди сулфур (SO2) аз 0,40 то 0,42 ҲМҒм.шр мушоҳида гардид. Пастшавии консентратсияи миёнаи шабонарӯзии дуоксиди нитроген (NO2) аз 1 то 0,75 ҲМҒм.шр ва ҷамъи дуоксидҳои нитрогену сулфур (NO2+SO2) аз 0,56 то 0,44 ба қайд гирифта шуд.
дар ш. Турсунзода
Дар фазои ш. Турсунзода баландшавии консентратсияи миёнаи шабонарӯзии моддаҳои муаллақ (чанг) аз 0,28 то 0,31; фториди гидроген (HF) аз 0,1 то 0,14 ҲМҒм.шр мушоҳида гардид. Пастшавии консентратсияи миёнаи шабонарӯзии дуоксиди сулфур (SO2) аз 0,16 то 0,14; дуоксиди нитроген (NO2) аз 0,22 то 0,2 ҲМҒм.шр ва ҷамъи дуоксидҳои нитрогену сулфур (NO2+SO2) аз 0,12 то 0,10 ба қайд гирифта шуд.
Эзоҳ:
Эзоҳ:
Дараҷаи ифлосшавии ҳавои атмосфера бо роҳи муқоисаи консентратсияи омехта (мг / м3) бо ҲМҒ ҳисоб карда мешавад.
• ҲМҒ (ҳадди муайяни ғилзат) – ҳадди муайяни ғилзат.
• ҲМҒм.ш - ин чунин консентратсияи моддаҳои ифлоскунандаест, ки ҳангоми ба организми одам ҳар рӯз дучор омаданаш ягон тағйироти ҷиддӣ дар он ва ё бемориҳоро ба вуҷуд намеорад Консентратсияи моддаҳои ифлоскунанда дар ҳавои атмосфераи минтақаҳои аҳолинишин набояд аз ҳад зиёд бошад.
• ИБ (ифлосшавии баланд) - консентратсияи як ё якчанд моддаҳо аз ҲМҒ 10 маротиба ва зиёда аз он аст.
• ИНБ (ифлосшавии ниҳоят баланд) - консентратсияи як ё якчанд моддаҳо аз ҲМҒ 50 ва аз он зиёдтар