Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории чорабинии канорӣ дар мавзӯи «Таъсири хатари рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ»

Санаи 12 июни соли 2024 дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари минтақавии “ЮНЕСКО” дар шаҳри Алмаато дар доираи лоиҳаи минтақавии «Паст кардани осебпазирии аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз хуруҷи кӯлҳои пиряхӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» (“GLOFCA”) чорабинии канориро дар мавзӯи «Таъсири хатари рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ» баргузор намуд, ки дар рафти он намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ ва ҳайати кишварҳо, олимону коршиносони масоили обу иқлим иштирок намуданд.

Чорабинии канории мазкур ҷиҳати беҳтар намудани дарки мушкилоти марбут ба кӯлҳои пиряхӣ ва банақшагирии муассир барои коҳиш додани хатарҳои иҷтимоию иқтисодии рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун як платформаи табодули дониш ва таҷриба байни коршиносон, намояндагони ҳукумат ва дигар ҷонибҳои манфиатдор роҳандозӣ гардид.

Дар рафти чорабинӣ таҷрибаи кишварҳои минтақа дар самти мониторинг ва арзёбии хатарҳои марбут ба рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ, нишон додани мушкилоти ҷамоъатҳои осебпазир дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баррасии чораҳои таҳкими мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тавассути коҳиш додани хатарҳо ва осебпазириҳои марбут ба рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ муарифӣ гардиданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти чорабинӣ таҷрибаи кишварро дар самти паст кардани хавфи рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ муарифӣ намуда, созмонҳо ва шарикони байналмилалиро ҷиҳати дастгирии рушд ва фаъолияти Системаҳои огоҳсозии бармаҳал дар Осиёи Марказӣ даъват намуданд.

13.06.2024