Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Вохӯрии дуҷонибаи роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ бо Директори иҷроияи ширкати машваратии "Hydrosolutions Ltd"- Швейтсария Тобиас Зигфрид.

Санаи 14 июни соли 2024 вохӯрии роҳбарияти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Директори иҷроияи ширкати машваратии "Hydrosolutions Ltd"- Швейтсария Тобиас Зигфрид баргузор гардид, ки дар рафти он масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо дар самти идоракунии захираҳои обӣ, мониторинг ва пешгӯиҳои обшиносӣ матраҳ гардиданд.

Ҳадаф аз ин вохӯрӣ таъсиси чаҳорчӯби ҳамкориҳои дарозмуддат ва мутақобилан судманд байни Агентии обуҳавошиносӣ ва ширкати машваратии «Hydrosolutions Ltd» арзёбӣ гардида, фаъолияти минбаъда аслан барои истифодаи технологияҳо ва методологияҳои инноватсионӣ барои мониторинг ва пешгӯии устувори захираҳои обӣ, истифодаи васеъи нармафзор барои мушоҳидаҳои обшиносӣ "iEasyHydro HF", системаи амсилаҳои пешгӯии муосир, такмили дониш, мубодилаи таҷриба ва истифодаи махзани маълумотӣ - рақамии "SAPPHIRE" нигаронида шудааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи ҳамкориҳои минбаъда матраҳ гардида, миёни ду ҷониб Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

18.06.2024