Дар доираи баргузории Конфронси байналмилалиии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо санаи 28 майи соли 2025 Дабири кулли Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ Селеста Сауло ва намояндагони Бонки Рушди Осиё, Фонди Иқлимии Сабз ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Меҳмононро Раиси Кумита муҳтарам Шерализода Б.А., ва Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А. Ҳ. бо риояи меҳмоннавозии тоҷикона пешвоз гирифтанд.
Сараввал меҳмонон аз Раёсати мониторинги муҳити зист, Санҷишгоҳи мониторинги ифлосшавии ҳавои атмосферӣ, Санҷишгоҳи мониториги ифлосшавии обҳои сатҳӣ, Маркази пешгӯии обуҳавосанҷӣ ва дигар воҳидҳои сохтории Агентӣ дидан намуда, аз таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи обуҳавошиносӣ ва шароити кории фароҳамоварда изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар ин дидор ҷонибҳо масъалаҳои соҳавӣ, аз ҷумла обуҳавошиносӣ, обшиносӣ, мониториги сифати ҳавои атмосферӣ ва обҳои сатҳӣ, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, яхшиносӣ ва дигар масъалаҳои соҳавиро матраҳ намуданд.
Боиси зикр аст, ки Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ ҳамкориро дар таъсиси мушоҳидаҳои метеорологӣ, иқлимӣ, гидрологӣ ва геофизикӣ, инчунин мубодилаи маълумоти дахлдор, коркард ва стандартизатсияи онҳо ташвиқ намуда, дар интиқоли технология ва татбиқи фаъолияти таълимӣ ва тадқиқотӣ мусоидат мекунад. Он инчунин ҳамкории байни Хадамоти миллии обуҳавошиносии кишварҳои узвро тақвият дода, ба татбиқи соҳаи обуҳавошиносӣ дар хадамоти обуҳавошиносии давлатӣ, кишоварзӣ, ҳавопаймоӣ, киштиронӣ, муҳити зист, об ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ мусоидат мекунад.
Ёдовар бояд шуд, ки Бонки Рушди Осиё (БРО) созмони бисёрҷонибаи молиявӣ буда, соли 1966 бо мақсади дастгирии рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором таъсис ёфтааст. Фонди Иқлимии Сабз (ФИС)- яке аз бузургтарин механизми молиявии байналмилалие мебошад, ки дар асоси Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (UNFCCC) барои дастгирии кишварҳои рушдёбанда дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим таъсис ёфтааст.
29.05.2025