Санаи 19 декабри соли ҷорӣ дар меҳмохонаи Румии ш.Душанбе семинар оид ба мавзӯи “Раванди навсозии Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда 3.0 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки васеъи намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, коршиносони масоили обу иқлим, шарикони рушд ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ / UNDP) роҳандозӣ гардид.
Семинари мазкур бо суханони ифтитоҳии муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Абдуллозода У.С. ва Муовини директори кишварии Барномаи рушди СММ (БРСММ / UNDP) хонум Лазима Онта-Бхата оғоз гардид.
Муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Абдуллозода У.С. дар суханронияшон оиди ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути қатъномаҳои Маҷмаи Умумии СММ дастгирӣ ёфтаанд, ҳамзамон нақши фаъол ва калидии кишвари мо дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ таъкид намуданд. Муовини директори кишварии Барномаи рушди СММ (БРСММ / UNDP), хонум Лазима Онта-Бхата ба ҷалби занон дар қабули қарорҳо ҷиҳати мубориза бо тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Бояд қайд намуд, ки ҳадафи асосии ин чорабинӣ пешбурди раванди навсозии Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяннамуда 3.0 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути баррасии Харитаи роҳи он арзёбӣ мегардад.







19.12.2025