Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД БА АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ

Ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар самти мониторинги иқлим, омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо сол то сол густариш меёбанд. Бонки Осиёии Рушд ҳамчун яке аз шарикони асосии рушд аз татбиқи лоиҳаҳои муҳими соҳавӣ ҷиҳати таҳкими иқтидори техникӣ, рушди низоми мониторинги пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон дастгирии доимӣ менамояд.

Дар идомаи ин ҳамкориҳо рӯзҳои 8–12 июни соли 2026 намояндагони Бонки Осиёии Рушд ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, ҷараёни татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ», натиҷаҳои бадастомада ва нақшаҳои минбаъдаи амалисозии онро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба иҷрои нишондиҳандаҳои лоиҳа, нақшаҳои молиявӣ ва харид, татбиқи нишондиҳандаҳои гендерӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳими амалисозии лоиҳа муҳокима гардиданд.

Санаи 12 июни соли 2026 бо иштироки намояндагони Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) маросими супоридани таҷҳизоти муосир ба Агентии обуҳавошиносӣ баргузор гардид.

Дар доираи лоиҳа ба Агентӣ маҷмӯи таҷҳизоти саҳроӣ, мониторингӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва геодезӣ, инчунин як мошини барфгард ва автомашинаи хизматӣ дастрас карда шуд. Таҷҳизоти мазкур барои таҳкими иқтидори техникӣ, такмили низоми мушоҳида ва ҷамъоварии маълумот, инчунин баланд бардоштани самаранокии корҳои мониторинги пиряхҳо, захираҳои обӣ ва равандҳои обуҳавошиносӣ мусоидат хоҳанд намуд.

Иқдоми мазкур қадами муҳим дар роҳи рушди низоми миллии мониторинги пиряхҳо, таҳкими амнияти обӣ ва татбиқи тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.



17.06.2026