Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Фаъолият /

Пиряххо

Пиряххо

Пиряххо

Дар ҳайати Агентии обуҳавошиносӣ дар қатори дигар соҳаҳо Маркази яхшиносӣ низ фаъолияти серҷабҳа дошта, тӯли солҳои мавҷудияташ роҳи пуршараферо тай кардааст. Чуноне, ки мутахассиси шинохтаи соҳа А.А.Яблоков маълумот додааст, маҳз мутахассисони ҳамин бахш дар ҳар гуна вазъияти обу ҳаво дар кӯҳсор, мавзеҳои сербарфу доманакӯҳҳо қарор дошта, ба омӯзиши тағӣирёбии иқлим, пиряхҳо таркиби яхпораҳо, обу бод ва борон машғуланд. Дар ин соҳа мутахассисоне кор мекунанд, ки таҷрибаи бой дошта, тайёранд ҳар гуна супориши таъҳилиро дар мӯҳлати муайян шуда иҷро намоянд. Идораи гидрографии экспедитсионӣ асосан соли 1956 дар ҳайати хадамоти обуҳавошиносӣ таъсис ёфтааст. Кормандони он таҳқиқи гидрографии ҳавзаи дарёҳо, омӯзиши махсуси низоми пиряхҳо, қабати барф, маҷрои об, харитасозии тарма, пешбинии сел, барфченкунӣ дар кӯҳҳо ва корҳои геодезӣ дар пиряхҳоро ба ӯҳда доранд.

Аъзоёни экспедитсия муайян карданд, ки дар минтақаи баландкӯҳи Помир пиряхҳои зиёде мавҷуданд. Агар масоҳати умумии пиряхҳои Осиёи Миёна 1700-1800 километри мураббаъро ташкил намояд, 60-фоизи он ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Онҳо дар қаторкӯҳҳо дар баландиҳои 3400-5240 метр паҳн гардидаанд.

Фарқияти баландии ҳудуди хатти барфӣ дар байни нишебиҳои шимолии қаторкқӯӯҳои паси Олой ва ҷанубии он дар маҳалли нуқтаи баландтарини он (қуллаи Ленин) 600- 800 метрро ташкил менамояд. Баръакс дар ќаторкӯҳҳои Помири Ғарбӣ, Язғулом, Рӯшон, Шуғнон, Шоҳдара хатти барфӣ дар нишебиҳои ҷанубӣ 100-200 метр нисбат ба шимоли онҳо баланд воқеъ гардидааст.

Ҳамасола кормандони Марказ намудҳои махсуси мушоҳида гузаронида, дар пиряху дарёҳо қариб 400 рейкаҳои обченкунӣ насб карданд, ки аз рўи онҳо бо вертолёт низ қабати барфро муайян мекарданд. Фасли зимистон тариқи чархбол ба кӯҳсор омада мушоҳидаҳои аниқ пайдо карданд, ки ба пешрафти соҳа мусоидат намуд. Ҳар фасли сармо гурӯҳи экспедисионӣ дар фурудгоҳи Ғарм ҷамъ шуда, муддати чанд рӯз тариқи чархбол вазъи обҳои Зарафшону Яғноб, Камаров, Оби Хингоб, Қизилсу, Ёқсуро месанҷанд. Мушоҳидахои онҳо аз ҷониби хадамоти обуҳавошиносӣ баҳои баланд гирифта, дар қомусномаҳои солона дарҷ меёфтанд. Онҳо бо ҳамроҳии кормандони институти географии Академияи илмҳои СССР дар таҳияи маҷмӯаи илмии пиряхҳои бузург саҳми муносиб гузоштаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки мутахассисони Марказ бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таи солҳои 1976- 1977 ду сол дар айёми зимистон, дар маркази Помир корҳои пажуҳишӣ анҷом дода, қаъри кӯли Сарезро аниқ муайян карданд. Онҳо бо чӣ қадар машаққату заҳмати пайваста тавонистанд қабати болои кӯли Сарез, тағӣирёбии обуҳаворо пешгӯӣ созанд. Бо ин мақсад онҳо дар болои яхи кӯл зиндагӣ карданд ва рафтуомади ҳайати гурӯҳ аз тариқи мотоцикли «Урал» ва барфрони «Буран» сурат мегирифт. Баъди пош хӯрдани давлати Шӯравӣ низ мутахассисони гидрограф фаъолияти худро қатъ накарданд. Вазъи мушоҳидаи барфченкунӣ аз нав ба роҳ монда шуда, кадастри ҳамасолаи тармаву сел тартиб дода шуд. Мутахассисони соҳа муоинаи пиряхҳо, кӯлҳо, тармаю аксбардории барфро дар ҳаракати пиряхҳо идома медиҳанд. Зеро пиряхҳо чун мӯъҷизаи афсонавӣ дар давоми садҳо ҳазор сол дар зери таъсири қонунҳои табиат шакл гирифтаанд. Ба инобат гирифтани ҷараёни яхбандии пиряхҳо дар оянда низ зарур буда, боиси эҳёи як самти муайяни Агентии обуҳавошиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол мегардад.

Дар Ҷумҳурӣ Экспедитсияи 3-юми байналмилалии баландкӯҳи Помир дар доираи Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2030 амалӣ гашта истодааст. Дар ин экспедитсия мутахассисон аз Донишгоҳи Idaho, ИМА, Комиссияи геодезӣ ва глясиологии Академияи илмҳои Бавария Олмон, Академияи илмҳои Федератсияи Русия ва мутахассисони Тоҷикистони ширкат варзиданд. Экспедитсияи мазкур чунин нақша дорад, ки татқиқотҳои геологию гидрологӣ барои омӯзиши таъғирёбии иқлим, равандҳои гидрологӣ ва фаъолияти инсон дар ҳавзаи дарёи Амударё ва инчунин дигар ҳавзаҳои дарёҳои Осиёи Марказӣ дар гузашта, ҳозира ва оянда дар асоси маълумотҳои ба дастовардашуда инчунин ҳамгироии моделсозии физикию математикиро ба роҳ монад.

Қобили зикр аст, ки барои пешрафт ва инкишофи соҳаи яхшиносӣ мутахассисони соҳа аз қабили Сардори якуми шуъба Шатилов В.Г., Саников А.Г., Уснов Ю.С, Кирносов Г.Л., Квачев В.И., Кузнецов Н.А., Попова Л.В., Калантаров Б.И., Пиров А.У. ва Яблоков А.А. саҳми босазое гузоштаанд.

Айни ҳол мутахассисони соҳа кушиш ба харҷ медиҳанд, ки дар омӯзиши қонуниятҳои тақсимоти барф, пиряхҳо, кӯлҳои рахнашаванда, минтақаҳои селраву тармафаро ва пешрафти соҳа саҳмгузор бошанд.

Дар доираи Барномаи давлатии ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо барои солҳои 2010-2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба Маркази яхшиносӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2014 № 38 таъсис дода шуд. Айни ҳол ин Марказ пурра фаъолият карда истода дар он зиёда аз 10-нафар мутахассисони соҳибкасб кору фаъолияти пурсамар доранд.