Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Озмунҳо

ДАЪВАТ БАРОИ ИЗҲОРИ МАНФИАТДОРӢ

ДАЪВАТ БАРОИ ИЗҲОРИ МАНФИАТДОРӢ:
ДАЪВАТ БАРОИ ИЗҲОРИ МАНФИАТДОРӢ

Тавсифи озмун

ДАЪВАТ БАРОИ ИЗҲОРИ МАНФИАТДОРӢ

Кишвар: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ном ва рақами лоиҳа: Лоиҳаи «Идоракунии коҳиши пиряхҳо ва амнияти об», 59079-001

Агентии иҷроия: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Фонди Ҷопон оид ба Осиё ва Уқёнуси Ором барои шукуфоӣ ва устуворӣ грант ба маблағи 3,00 миллион доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаи «Идоракунии коҳиши пиряхҳо ва амнияти об» дарёфт намудааст. Лоиҳа ба баланд бардоштани устувории Тоҷикистон дар баробари обшавии пиряхҳо ва коҳиш додани осебпазирии системаҳои табиӣ ва иҷтимоӣ ба хатарҳои марбут ба криосфера ва пиряхҳо равона шудааст.

Дар ин робита, Агентии иҷроия мутахассисони соҳибихтисосро барои иштирок дар озмун ҷиҳати ишғоли вазифаи холии Сармутахассис оид ба харид даъват менамояд (Terms of Reference)

Талаботи ҳадди ақали тахассусӣ:

  1. Дараҷаи бакалавр ва афзалиятан магистр дар соҳаҳои муҳандисӣ, иқтисод, идоракунии тиҷорат, ҳуқуқ ё соҳаҳои марбута;
  2. Ҳадди ақал 8 сол таҷрибаи корӣ ҳамчун мутахассиси харид дар ташкилотҳои давлатӣ ё хусусӣ;
  3. Ҳадди ақал 5 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи харид дар лоиҳаҳои маблағгузоришавандаи Бонки Осиёии Рушд (ADB), Бонки Ҷаҳонӣ (WB), Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD) ё дигар муассисаҳои молиявии байналмилалӣ;
  4. Дониши хуби дастурҳои хариди ADB талаб карда мешавад;
  5. Таҷрибаи кор бо шартномаҳо (дар доираи тартиботи байналмилалии ADB) оид ба хариди молҳо ва хизматрасониҳои машваратӣ афзалият дорад;
  6. Донистани тартиботи хариди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  7. Маҳорати хуби истифодаи воситаҳои IT (MS Word ва Excel);
  8. Дониши комил дар забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ (хаттӣ ва шифоҳӣ).

Довталабони соҳибихтисос хоҳиш карда мешаванд, ки резюмеи худро (дар формати ADB) ба почтаи электронӣ ирсол намоянд: tajmglow@gmail.com.

Лутфан, дар мавзӯи паёми электронӣ номи вазифаро зикр намоед.

Маълумоти иловагӣ дар сомона дастрас аст: meteo.tj

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: то 23 июни соли 2026, соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ.