ЭЪЛОНИ ДАЪВАТИ НОМЗАДҲО
- Кишвар: Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Рақами грант: 9258-TAJ(EF)
Тавсифи озмун
ЭЪЛОНИ ДАЪВАТИ НОМЗАДҲО
Кишвар: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номи лоиҳа: Лоиҳаи идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ
Рақами грант: 9258-TAJ(EF)
Мақомоти иҷрокунанда: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазифаи холӣ: Сармутахассис оид ба харид
Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: 12 августи соли 2026, соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ.
A. МАЪЛУМОТИ УМУМӢ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи «Лоиҳаи идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ» аз Фонди Ҷопон оид ба кумак барои шукуфоӣ ва устуворӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором (JFPR) ба маблағи 3,00 миллион доллари ИМА грант гирифтааст. Лоиҳа ба баланд бардоштани устувории Тоҷикистон ба обшавӣ ва талафоти пиряхҳо ва коҳиш додани осебпазирии системаҳои табиӣ ва иҷтимоӣ дар муқобили хатарҳои марбут ба криосфера ва пиряхҳо равона шудааст.
Лоиҳа се натиҷаи асосиро дар бар мегирад:
(i) таъсиси системаҳои рақамӣ барои мушоҳидаи криосфера ва огоҳкунии барвақт аз хатарҳо;
(ii) таҳкими иқтидори кормандон дар самти мушоҳида, идоракунӣ ва таҳлили ягонаи маълумот оид ба криосфера аз оғоз то анҷом; ва
(iii) такмили системаи огоҳкунии барвақт аз хатарҳои криосфера, ки ба ҷомеаҳо нигаронида шудааст.
Натиҷаи мазкур аз ҳисоби гранти кӯмаки техникии замимашуда маблағгузорӣ карда мешавад.
Лоиҳа аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Агентии обуҳавошиносӣ) амалӣ карда мешавад.
Дар назди Агентии обуҳавошиносӣ Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ) таъсис дода шудааст. ГТЛ барои татбиқи умумии лоиҳа, аз ҷумла идоракунӣ, харид, маъмурияти ҳаррӯза, мониторинг ва таҳияю пешниҳоди ҳисоботҳо масъул мебошад.
Мӯҳлати татбиқи лоиҳа 3 сол буда, аз моҳи январи соли 2026 то моҳи январи соли 2029-ро дар бар мегирад.
B. МАҚСАДИ ФАРМОИШ
Мақсади фармоиш аз он иборат аст, ки фаъолиятҳои харид ва идоракунии шартномаҳо мутобиқи Сиёсат ва Тартиботи хариди БОР (ADB), созишномаҳои маблағгузории лоиҳа ва қонунгузории амалкунандаи маҳаллӣ анҷом дода шаванд.
C. ӮҲДАДОРИҲО ВА ДОИРАИ КОР
Сармутахассис оид ба харид барои таҳия ва навсозии Нақшаи хариди лоиҳа масъул буда, сабтҳои тамоми фаъолиятҳои харидро нигоҳ медорад ва тамоми ҳуҷҷатҳои харидро ҳифз менамояд. Ӯ бояд дар ҳамоҳангсозӣ, назорат, мониторинг ва арзёбии тамоми фаъолиятҳои хариди лоиҳа мутобиқи Дастурамали идоракунии лоиҳа мусоидат намояд.
Фаъолияти ӯ бояд аз ҷумла, вале на танҳо, корҳои зеринро дар бар гирад:
(i) Иҷрои фаъолиятҳои хариди мол ва хизматрасонӣ тибқи нақшаи харид мутобиқи дастурамалҳои хариди БОР, бо дастгирии мушовирони дастгирии татбиқи лоиҳа;
(ii) Таҳия/навсозии ҷадвалҳои муфассал барои хариди мол ва хизматрасонӣ дар тӯли давраи татбиқи лоиҳа;
(iii) Таъмини ҳамоҳангсозии хуби иттилооти пайгирии хариди бо дигар иттилооти банақшагирии лоиҳа, буҷабандии лоиҳа ва ҳисоботи молиявии лоиҳа;
(iv) Таҳияи ҳуҷҷатҳои харид, аз ҷумла дархостҳои нархнома, дархостҳои пешниҳод, ҳуҷҷатҳои тендерӣ, ҳисоботи арзёбии пешниҳодҳо ва лоиҳаи шартномаҳо бо дастгирии мушовирони татбиқи лоиҳа;
(v) Расонидани кумак ба комиссияҳои тендерӣ ҳангоми кушодани оммавии пешниҳодҳо ва таҳияи лоиҳаи протоколҳои чунин кушодашавӣ;
(vi) Расонидани кумак ба Директори лоиҳа оид ба бастани шартномаҳои харид, назорати расонидан, содир кардани инвойсҳо, санҷиш/озмоиши молҳои харидашуда ва анҷом додани пардохтҳо ба таъминкунандагон ва мушовирон;
(vii) Ташкили системаи мониторинг барои назорати чорабиниҳои хариди лоиҳа ва ҳамоҳангсозии тасдиқҳои зарурӣ ё ислоҳи камбудиҳо дар тартиботҳо;
(viii) Нигоҳдории сабтҳо/пойгоҳи маълумоти тамоми харидҳои давлатӣ;
(ix) Расонидани иттилоот ва/ё ҳуҷҷатҳо тавассути Директори лоиҳа ба Ҳукумат ё БОР барои баррасии онҳо ва гирифтани мулоҳизаҳо оид ба оғози маблағгузорӣ;
(x) Кӯмак ба ҳайатҳои БОР ва пешниҳоди маълумоти зарурӣ тибқи талабот;
(xi) Таъмини назорат ва машварат оид ба харид ва идоракунии шартномаҳо; ва
(xii) Иҷрои дигар вазифа ва супоришҳо барои дастгирии татбиқи лоиҳа, дар сурати зарурат.
D. ҲИСОБОТДИҲӢ
Сармутахассис оид ба харид ба Директори лоиҳа ҳисобот медиҳад. Ӯ моҳе як маротиба ҳисоботро дар шакли барои лоиҳа қобили қабул пешниҳод менамояд.
E. ТАЛАБОТИ ҲАДДИ АҚАЛ БАРОИ ТАХАССУС
1. Дараҷаи бакалавр, беҳтараш магистр дар соҳаи муҳандисӣ, иқтисод, идоракунии тиҷорат, ҳуқуқшиносӣ ё соҳаҳои марбут талаб карда мешавад;
2. На камтар аз 3 соли таҷриба дар вазифаҳои марбут ба харид дар доираи БОР, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ё дигар шарикони рушд;
3. Дониши хуби дастурамалҳои хариди БОР ҳамчун бартарӣ ҳисобида мешавад;
4. Дониши аълои корӣ бо воситаҳои технологияи иттилоотии дахлдор (MS Word ва Excel); ва
5. Донистани хуби забони тоҷикӣ ва англисӣ (хаттӣ ва гуфтугӯӣ) талаб карда мешавад. Донистани забони русӣ бартарӣ ҳисобида мешавад.
F. МАҲАЛЛИ КОР
Сармутахассис оид ба харид дар идораи ГТЛ дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунад.
G. МӮҲЛАТИ ИҶРОИ ВАЗИФА
Интизор меравад, ки Сармутахассис оид ба харид иҷрои вазифаҳои худро аз моҳи августи соли 2026 оғоз намояд. Шартнома ба муҳлати як сол баста шуда, имконияти тамдиди он пешбинӣ мегардад. Ин супориш вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти мутахассис ва эҳтиёҷоти лоиҳа ҳар сол метавонад тамдид карда шавад.
H. ШАРТҲОИ ПАРДОХТ
Музди меҳнат тибқи ҷадвали штатии Лоиҳа дар назди Агентии обуҳавошиносӣ бо меъёри муқарраргардида, мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2025, №386, муқаррар карда мешавад.
Номзадҳои соҳибихтисос хоҳиш карда мешаванд, ки резюмеҳои худро тавассути почтаи электронӣ ба суроғаи зерин ирсол намоянд: tajmglow@gmail.com
Лутфан, номи вазифаро дар мавзӯи паёми электронӣ нишон диҳед.
Лутфан, ба назар гиред, ки резюме бояд тибқи қолаби аз ҷониби Мақомоти иҷрокунанда қабулшуда бо забони англисӣ (шакли CV ADB) таҳия ва ирсол карда шавад. Ҳаҷми резюме набояд аз панҷ (5) саҳифа зиёд бошад.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонед аз рӯзи душанбе то ҷумъа, аз соати 9:00 то 17:00, бо мо тамос гиред.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
кӯчаи Бобоҷон Ғафуров, 13/1, шаҳри Душанбе, Тоҷикистон (ошёнаи 1, ҳуҷраҳои №10 ё №11).
Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: 12 августи соли 2026, соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ.