Санаи 15 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба “30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он Муовини аввали Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода З., роҳбарони тамоми воҳидҳои сохтории Кумита ва Агентии обуҳавошиносӣ, намояндагони Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон, инчунин намояндагони ВАО иштирок доштанд.
Нахуст Муовини аввали Раиси Кумита Қиёмзода Зарафо Суфиҷон табрикоти шодбошии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерадлизода Баҳодур Аҳмадҷонро ба самъи иштирокчиён расонид.
Сипас Муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Шерализода Назриалло Шералӣ, намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Назаров Шаҳбоз ва шоири ширинкалом корманди нашрияи “Садои мардум” Ворис оид ба дастоварҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва азму иродаи хастанопазири фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханрониҳои пурмуҳтаво намудаанд. Қайд карда шуд, ки воқеан ҳам, Иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикстон, ки имсол 30-сола шуд, саҳифаи заррини таърихи тоҷикон буда, нақши Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини сулҳу суботи комил, сарҷамъии миллат ва таҳкими пояҳои давлати навини тоҷикон бузургарзиш мебошад.
24.04.2023