Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Пӯшидашавии Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анҷоми кори Конфронси 27-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим

Санаи 17 ноябри соли 2022 дар анҷоми кори Конфронси 27-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Шарм-ул-Шейхи Ҷумҳурии Мисри Араб, ҳангоми пӯшидашавии Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қурбонзода А.Ҳ. суханронӣ намуданд.

Директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода А.Ҳ. ба тамоми ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҳамсоя, ки дар муддати ду ҳафта дар Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии обуҳавошиносӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 21 сайд - ивент (рӯйнамоҳо) ва 30 вохӯриҳои дуҷонибаро, ки дар самти тағйирёбии иқлими Сайёра нигаронида шуда буданд, анҷом доданд, изҳори миннтадорӣ намуданд.



24.04.2023