Санаи 21 феврали соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ бо иштироки сардорон ва мутахассисони шабакаҳои давлатии вилояти Хатлон ва Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар рафти семинар аз тарафи мутахассисони соҳавӣ тариқи баромадҳо, рӯйнамо ва корҳои омӯзишӣ-амалӣ ба кормандони шабакаҳои давлатӣ оид ба барномаҳои кории стансияҳо, пешниҳоди маълумотҳои фаврӣ, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва корҳои тарғиботию ташфиқотӣ дар фаъолияти корӣ маълумот дода шуд.
Иштирокчиёни семинар оид ба мавзӯъҳои таҳлил ва ҳолати иттилооти обуҳавошиносӣ ва иқлимӣ, пешгӯйиҳои обуҳавосанҷӣ ва офатҳои табиӣ, омӯзиши қабати абрҳо, сифати маълумотҳои агрометеорологӣ, кор бо барномаҳои «Персона МИС» ва «Река режим», сифати ҳисоботҳо ва таҳлили фаъолияти дидбонгоҳҳои обченкунӣ, системаи телекоммуникатсия - алоқа дар шабакаҳои обуҳавосанҷӣ ва стансияҳои худкор, усулҳои гузаронидани мушоҳидаҳои обҳои рӯизаминӣ ва ҳаво, тартиби гузаронидани мушоҳидаҳо оиди сар задани зуҳуроти сел ва тарма, пешниҳоди огоҳӣ оиди зуҳуроти хавфноки табиӣ, қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва ғайраҳо маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.
Бояд қайд намуд, ки амалӣ намудани чунин чорабиниҳои омӯзишӣ боиси рӯҳбаландӣ ва баланд шудани малакаи кории мутахассисони соҳа гардида, барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолият дар самти мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ нақши муҳимро мебозанд.
24.04.2023