Санаи 22 майи соли ҷорӣ таҳти раёсати Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло ҷаласаи навбатии Агентии обуҳавошиносӣ ва зерсохтори он дар ҳафтаи аз 15 то 19 майи соли 2023 баргузор гардид.
Тибқи тартиби кори ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти раёсатҳо, марказ ва шуъбаҳои Агентӣ дар ҳафтаи болозикр сардори Раёсати назорат ва коргузорӣ Миршамсов О. бо маърӯзаи таҳлилӣ баромад намуданд.
Сипас, директори Агентӣ Қурбонзода А.Ҳ. оид ба фаъолияти бонизом ва сифатноки ҳамаи сохторҳои мақомоти соҳавӣ ибрози андеша намуда, ҳамзамон аз тарафи директори Агентӣ фаъолияти ҳафтаи ҳисоботӣ натиҷагирӣ карда шуда, ба масъулин барои ҳафтаи навбатӣ супоришҳо дода шуд.
22.05.2023