Муҳтарам кормандони соҳаи обуҳавошиносӣ.
Ҳамдиёрони азиз!
Шуморо бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуда, дар ин рӯзи фараҳбахш бароятон дар роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон барору комёбиҳои беназир таманно дорам.
Конститутсия – шиносномаи миллат буда, дар он инсон арзиши олӣ маҳсуб меёбад. Маҳз бо шарофати Конститутсия ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати моро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ шинохта, дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таҷассум ёфтааст.
Бо туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, орзуву ормонҳои ҳазорсолаи худро амалӣ намуда истодааст. Заминаи ҳуқуқии ҳамаи ин дастовардҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, волоияти қонун, қабл аз ҳама, аз волоияти меъёрҳои Конститутсия сарчашма мегирад.
Ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо азму иродаи якдилонаи шаҳрвандони кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ин дар таърихи миллати тоҷик воқеаи нодиру фараҳбахш маҳсуб меёбад. Конститутсия барои бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ташкили сохтори нави ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани ҳадафҳо ва самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат нақши босазо бозид.
Албатта, яке аз рамзҳои давлатдории мо ин Конститутсия мебошад, ки мардуми шарифи мо дар асоси рукнҳои он амал менамояд. Ҳама он санаду фармонҳо дар асоси Конститутсия аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал ҷорӣ карда мешаванд.
Чӣ хеле ки аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: - “...Яке аз дастовардҳои бузургу барҷастаи ин раванд демократикунонии тамоми ҳаёти ҷомеа мебошад, ки аслу ҷавҳари онро арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ташкил медиҳад, ки онҳо бо меъёрҳои эътирофшудаи байналхалқӣ, махсусан Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, қарордоди байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи гражданӣ ва сиёсӣ, қарордоди байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар санадҳои мӯътабари ҳуқуқи байналмилалӣ такя мекунад”.
Бигзор истиқлолияти ба даст овардаи халқи тоҷик абадан боқӣ монда, шаъну шарафи миллати тоҷик дар ҷаҳон ном барорад ва сарбаландиву некномиҳои ҳар як фарди Тоҷикистонӣ дар синаҳои мардуми ориф хотираи дурахшонро таҷассум намояд.
Мо дар пайравӣ ба гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанони азизро бори дигар ба муносибати 29-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадон сулҳу оромӣ, хушбахтӣ ва ободӣ орзу менамоям!
Бори дигар Рӯзи Конститутсияро бароятон муборакбод мегӯям!
03.11.2023