Санаи 8 ноябри соли 2023 мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Хадамоти федералии обуҳавошиносӣ ва мониторинги муҳити зисти Вазорати захираҳои табиӣ ва экологияи Федератсияи Русия “Росгидромет” Мария Мамаева вохӯрии дуҷонибаро анҷом доданд.
Сараввал Мария М. аз Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озони Агентии обуҳавошиносӣ дидан намуда, бо фаъолияти марказ шиносоӣ пайдо намуд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои иқтидори техникӣ ва кадрии Агентӣ, Стратегияи рушди иқтидори Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озон, хизматрасониҳои маркетингӣ ва таъмини истифодабарандагон бо маҳсулоти обуҳавошиносӣ матраҳ гардиданд.
13.11.2023