Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо дар ҳаёти сиёсии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли азизамон боз ду рӯйдоди муҳими сиёсӣ, яке «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигаре "31 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"таҷлил карда мешаванд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки 31 сол муқаддам, яъне 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Ҳуҷанд баргузор гардид, ки имрӯзҳо ва минбаъд дар таърих бо номи «Иҷлосияи тақдирсоз» ёд шуда истодааст ва мешавад.
Ин ном ба хотири он аст, ки маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири минбаъдаи миллати куҳанбунёди тоҷик ҳал гардид. Яъне, ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии онвақта шахсияте бо номи мубораки Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки ин миллати парокандаро ба ҳам васл намуда, барои халқ сулҳ оварда, тамоми гурезаҳои берун аз ватанро ба Ватан боз гардонд ва ахиран, ин миллати сарбаландро ба тамоми ҷаҳониён шинос намуд.
Инчунин, 7 сол муқаддам, яъне соли 2016 «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуд ва дар сар то сари Тоҷикистони азиз 16 ноябр ҳамчун санаи муборак ва рӯзи таърихию фаромушнопазир ботантана ва бо ифтихору вафодорӣ аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия буда, ӯ ҳомии конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти давлатию миллӣ, ягонагӣ ва тамоми арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон муқаррар гардид.
Баъдан, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои бузургашон дар назди халқу ватан ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дода шуд.
Ҳамаи Шумо – кормандони соҳави обуҳавошиносӣ ва дар симои Шумо халқи сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори ин ду санаи муҳими таърихӣ, яке 31 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳният гуфта, ба Шумо сиҳатмандию саодатмандӣ ва дар фаъолияти корию рӯзгордориятон комёбиҳои беназир таманно дорам ва орзу дорам, ки бо пайгирӣ аз сиёати адолатпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамонро ободу зебо мегардонем.
16.11.2023