Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Дастоварди навбатии Агентии обуҳавошиносӣ

Боизи зикр аст, ки санаи 6 декабри соли 2023 корманди Агентии обуҳавошиносӣ Ҳомидов Анвар Шеринович таҳти роҳбарии доктори илмҳои кимиё, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Норматов Ином Шерович ва мушовирии доктори илмҳои кимиё, профессор, ходими пешбари илмии Лабораторияи илмии «Идоракунии оқилонаи муҳити зист»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Россия ба номи А.И. Герцен Фрумин Григорий Тевелевич рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Арзёбии геоэкологии ташаккули таркиби кимиёвии обҳои сатҳӣ ва барф дар ҳавзаи дарёи фаромарзии Панҷ», дар Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Россия (шаҳри Санкт-Петербург) сарбаландона дифоъ намуд.

Роҳбарият ва ҳайати кормандони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидов Анвар Шериновичро барои бо мувафаққият ҳимоя намудани рисолаи номзадиашон табрику таҳният намуда, ба корҳои илмию тадқиқотии минбаъдааш комёбию дастовардҳои беназирро таманно менамоянд!

Ҳомидов Анвар Шеринович дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва  обуҳавошиносӣ фаъолияти густурда ва пурсамар доранд, аз ҷумла:

- солҳои 1986-1993-донишҷӯи Донишгоҳи обуҳавошиносии шаҳри Одессаи Украина;

-  солҳои 1987-1989-хизмат дар савфи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ;

- солҳои 1993-1995- муҳандиси Хадамоти зидди жола;

-  солҳои 1995-1997 - сардори Маркази метеорология ва иқлими Агентии обуҳавошиносӣ;

- солҳои 1997-1999 - муовини сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ;

- солҳои 1999-2003 - сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ; 

- солҳои 2003-2008 - муовини Директори Агентии обуҳавошиносӣ;

- солҳои 2008-2011 - директори Маркази татбиқи лоиҳаи обуҳавошиносӣ дар назди Муассисаи давлатии Маркази идоракунии лоиҳаи обхезӣ дар вилояти Хатлон;

- солҳои 2011-2013- сардори Раёсати обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- солҳои 2013-2015 - сардори бахши байналмилалии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- солҳои 2015-2016 - мушовири миллӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба хоҷагии қишлоқ ва захираҳои обӣ дар доираи лоиҳаҳои Фонди инвеститсионии иқлим ва Бонки Рушди Осиё;

- солҳои 2016-2017-мушовири техникии Котиботи Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар доираи Фонди инвеститсионии иқлим;

- солҳои 2017-2019 - мушовири миллӣ оид ба масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои обӣ, хоҷагии қишлоқ, муҳити зист ва офатҳои табиӣ дар доираи лоиҳаи “Идоракунии зихираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ”, Бонки Осиёгии Рушд;

- солҳои 2019-2023-мушовири миллӣ оиди масъалаҳои институтсионалӣ дар доираи “Лоиҳаи идоракунии заираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ” (маблағгузории иловагӣ).

20.12.2023