Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 28 декабри соли 2023 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Роҳбарият ва тамоми воҳидҳои сохтории Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҳисси ватандӯству худогоҳӣ баргузории Паёмро тамошо намуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи муҳити зист ва таъсири тағйирёбии иқлим ба Сайёра таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, оид ба масъалаҳои ҳалталаби экологӣ, вазъи кунунӣ ва дурнамои муҳити зистро бо назардошти пайомадҳои номатлуби рӯзафзун вобаста ба тағйирёбии иқлим, баҳри таъмини амнияти экологӣ, тарбия ва фарҳанги экологии аҳолӣ, кабудизоркунию ниҳолшинонӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор доданд.

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои дурнамои моро муайян ва ояндаи рушди давлатдориамонро мунаввар хоҳад сохт.

Дар тақвият ба гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо кормандони соҳаи обуҳавошиносиро зарур аст, ки барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти дучанд фаъолият намоем. Моро лозим аст, ки барои амалӣ намудани иқдомҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми имсола ироа гардидаанд, дучанд кӯшиш намуда, кишвари азизамонро ободу зебо гардонем.

29.12.2023