Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Агентии обуҳавошиносии Кумити ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023

Санаи 27 декабри соли 2023 ҷаласаи васеи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023  баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Б.А. иштирок доштанд.

Аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода А.Ҳ. бо маърӯза баромад намуда, натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Агентии обуҳавошиносӣ ва дастовардҳои онҳоро таҳлилу баррасӣ карданд.

Директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода А.Ҳ. ҷиҳати ҷоннок намудани корҳо дар самти мониторинги муҳити зист, зери назорат гирифтани фаъолияти шабакаҳои мушоҳидавӣ дар давраи замистон, ислоҳи камбудиҳо дар самти хоҷагидорӣ ва сафарбар намудани тамоми захираҳо ва имкониятҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои мушаххас доданд.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. дар зимни суханронӣ масъулинро барои иҷрои пурра ва саривақтиву сифатноки барнома ва стратегияҳои давлатӣ ва соҳавӣ муввазаф намуда, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №407 «Дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро махсус таъкид доштаанд.

Аз руи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарор қабул гардида, масъулини иҷрои онҳо муайян ва муввазаф гардиданд.


29.12.2023