Санаи 1 апрели соли 2024 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа ҷиҳати амалисозии Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва доираи васеъи кормандон баргузор гардид.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Байдуллоева Ҷ.А. оғоз намуда, оид ба терроризм ва экстремизм, таъсири он ба ҷомеъа ибрози назар намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон иброз менамоянд, ки терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надошта, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст.
Дар интиҳои ҷаласа қайд гардид, ки дар чунин вазъи мураккабу ташвишовари ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм моро водор месозад, ки матонат, донишу заковат ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории сулҳ ва ваҳдати кишварамон талош варзем.
02.04.2024