Рӯзи 23 апрели соли 2024 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи "Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ (маблағгузории иловагӣ)" семинари машваратӣ дар мавзӯи "Таҳкими иқтидори Агентии обуҳавошиносӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо бо ҷонибҳои ҳавасманд" баргузор гардид.
Ҳадафи семинари мазкур муаррифии натиҷаҳои лоиҳа ва пурсишҳо дар байни ҷонибҳои ҳавасманд оиди хизматрасониҳои Агентии обуҳавошиносӣ арзёбӣ гардид.
Чорабиниро муовини директори Агентӣ Шерализода Н.Ш бо сухани муқаддимавӣ кушода, қайд намуданд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа як қатор чорабиниҳо ба анҷом расиданд, ки ба беҳтаршавии сифати хизматрасониҳо замина гузоштанд.
Дар рафти семинар иштирокчиён бо дастовардҳои лоиҳа ва чорабиниҳои пешбинишуда шинос шуда, натиҷаҳои пурсишҳо дар байни ҷонибҳои ҳавасманд муаррифӣ шуда, бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои минбаъда пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
24.04.2024