Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Вохӯрии роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ бо хатмкунандагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби мутахассисони соҳаи обуҳавошиносӣ пайваста корҳои тарғиботиву ташфиқотиро роҳандозӣ намуда, бо муассисаҳои олии кишвар ва таҳсилоти ҳамагонӣ робитаи зичро дорост.

Бо ин мақсад санаи 6 майи соли ҷорӣ дар толори Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳо ва ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисон ҷаласаи кории Комиссияи давлатии тақсимоти мутахассисони ҷавон ва тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии соли таҳсили 2023-2024 баргузор гардид, ки дар рафти он Муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Байдуллоева Ҷ.А.  ва муовини сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Ашуралиев Д. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ин дидор муҳтарам Байдуллоева Ҷ.А. оиди ҷалби мутахассисони самти илмҳои табиӣ, аз ҷумла ҳавошиносӣ, иқлимшиносӣ, глятсиология (яхшиносӣ), биология ва химия барои кору фаъолият дар сохторҳои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии даъват намуда, байни Агентии обуҳавошиносӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои сафарбар намудани хатмкунандагон мувофиқа ҳосил гардид.   

07.05.2024