Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, оид ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ махсусан таъкид гардида буд.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, ҳамзамон амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, № 795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» барои кормандони Дастгоҳи марказии Агентӣ омӯзиши забонҳои хориҷиро ба роҳ монд, ки дар он ҳайати кормандон ба се гурӯҳ (зинаи аввали омӯзиш ва зинаи бозомӯзӣ) тақсим шуда, дарсҳо дар толори Агентӣ ҳафтае 3 маротиба бо иштироки омӯзгорони забонҳои хориҷӣ баргузор мегарданд.
28.05.2024