Ҷаласаи назоратии назди директори Агентии обуҳавошиносӣ бо масъулини шабакаҳои давлатии обуҳавосанҷӣ
Санаи 27 майи соли 2024 ҷаласаи назоратии назди директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати натиҷагирӣ аз рафти иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳои Агентии обуҳавошиносӣ оид ба омодагиҳо ба истиқболи сазовори 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ва иҷрои босамари дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ва гузаронидани давраи тирамоҳу замистони солҳои 2024-2025 бо иштироки сардорони сохторҳои дастгоҳи марказӣ, сардорони шабакаҳои давлатии обуҳавосанҷии вилояти Суғд ва Ноҳияҳои тобеъи марказ баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа гузориши шахсони масъул шунида шуда, ҷиҳати иҷрои камбудиву норасоиҳо дастурҳои мушахас дода шуд.
30.05.2024