Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Пахши мустақими радиоӣ доир ба мавзӯъҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва “Соли 2025 - Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо”

Санаи 11 июни соли 2024 дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Радиои “Садои Душанбе” сардори Шуъбаи итилоотии муҳити зисти Раёсати мониторинги муҳити зисти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳорова М. доир ба мавзӯи “Саҳми Агентии обуҳавошиносӣ дар раванди татбиқи нақша-чорабиниҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028”, “Соли 2025 - Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо”, арзёбии сифати об ва ҳавои ҷумҳурӣ, тарзу усулҳои пешгирӣ аз паёмадҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ва обҳои сатҳӣ дар пахши мустақим иштирок намуданд.

13.06.2024