Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Ваҳдати миллӣ”

Санаи 26 июни соли 2024 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27-умин солгарди “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” бо иштироки роҳбарият ва доираи васеъи воҳидҳои сохтории Агентӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Муовини Директори Агентии обуҳавошиносӣ Байдуллоева Ҷ.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аҳли нишастро бо ҷашни миллӣ табрик намуда, қайд намуданд, ки Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди бузург ва муқаддаси миллати мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, нақши бузургеро дар сарҷамъии миллат ва пойдории Тоҷикистони азизамон гузоштааст.

Мавсуф оид ба имзои санади муҳимми сарнавиштсози таърихи давлатдории нави миллии мо, яъне Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 баъди музокироти тулонӣ бо ташаббус ва саъйу кӯшиши бевоситаи Пешвои муаззами миллат, бо мақсади ҳифзи якпорчагии кишвар ва таъмини сулҳу суботи он сурат гирифт, махсусан қайд намуданд.

Баромадкунандагон иброз намуданд, ки мардуми сарбаланди мо хуб дарк менамоянд, ки ваҳдати миллӣ аз арзишҳои волотарин барои ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Ин неъмати бебаҳои таърихӣ дар кишвари мо бо ҷоннисорӣ ва азму талоши фарзонафарзанди соҳибхиради ин миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад ва акнун 27 сол мешавад, ки моро дар амну осоиштагӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.

Муовини Директори Агентии обуҳавошиносӣ Байдуллоева Ҷ.А. дар фарҷом бори дигар аҳли нишаст ва кулли мардуми тоҷикро ба рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, аз аҳли нишаст даъват ба амал оварданд, ки “ҷиҳати рушди соҳаи обуҳавошиносӣ беш аз пеш кӯшиш ба харҷ диҳем ва ба ин васила дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем”.

26.06.2024