Санаи 17-уми июли соли равон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода Зоҳир Иззат Конференсияи илмӣ назариявӣ таҳти унвони “Нақши қонунҳои миллӣ дар таъмини зиндагии шоистаи мардум” дар доираи таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар идомаи чорабиниҳо бахшида ба Соли 2024 “Соли мaърифaти ҳуқуқӣ” бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид.
Дар кори Конференсия Ширинбекзода Садриддин Авазбек – мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Дӯстмуродзода Сурайё – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия, Мирзозода Азизулло – муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодирзода Тоҳир Қамар - ходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло - директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори Конференсия ҳамчунин аъзои фаъоли ҳизб аз кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ, комрандони Кумитаи иҷроия дар ноҳия ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок варзиданд.
Зимни баррасии маъалаҳои мазкур зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуктаҳои асосии тағйиру иловаҳои ворид кардашуда, тағйиротҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсии мардум, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ватанпарастии шаҳрвандон, махсусан ҷавонону наврасон ва пешгирии ҳамагуна падидаҳои номатлуб ва қонуншиканиҳо дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, вобаста ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо Назирзода Камолиддин – муовини сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал пешниҳод намуд.
19.07.2024