Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Семинар дар мавзӯи: "Арзебии осебпазирии шаш бахши афзалиятнок ва таҳияи нақшаҳои мутобиқсозии соҳа"

  17-18 июли Соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкатҳои машваратӣ (CIVITTA) ва (CAICO) бо дастгирии молиявии фондӣ иқлими САБЗИ Созмони Миллали Муттаҳид семинари "Арзебии осебпазирии шаш бахши афзалиятнок ва таҳияи нақшаҳои мутобиқсозии соҳавӣ" - ро дар Шаҳри Бохтари вилояти Хатлон баргузор намуд. Иштирокчиёни семинар кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ буданд, ки дар соҳаи тағйиребии иқлими шаҳри Бохтар кор мекунанд. Мақсади семинар аз он иборат аст, ки ба муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ умумигардонии ҳолати равандҳои иқлимӣ, таъмини муносибати дақиқ ва самараноки тадбирҳои мутобиқшавӣ, ки барои арзёбии осебпазирӣ дар шароити тағйирёбии иқлим дар шаш бахши асосии шаҳри Бохтар, аз қабили кишоварзӣ, нақлиет, захираҳои об, энергетика, хоҷагии ҷангал, сохтмон ва саноат заруранд. Арзёбии осебпазирӣ, ки барои шаш бахши афзалиятнок гузаронида шудааст, инчунин қисми ҳуҷҷати нақшаи миллии мутобиқсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд. Дар ҷараёни семинар таъсири тағйиребии иқлим ба бахшҳои асосии афзалиятноки иқтисодиети шаҳри Бохтар муҳокима карда шуд ва маълумоти коршиносони байналмилалӣ барои истифода дар таҳияи нақшаҳои соҳавии мутобиқсозӣ ҷамъоварӣ карда шуд. Дар оянда нақшаҳо ба идораҳои калидӣ барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод карда мешаванд ва Ба Ҳукумати Тоҷикистон супорида мешаванд.

19.07.2024