Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Оғози семинари омӯзишӣ оид ба мавзӯи “Омӯзиш, насб ва кор бо системаҳои “Персона-Мис” ва “Персона Мип””

Санаи 12 августи соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 18 нафар сардорон ва мутахассисони шабакаҳои давлатии обуҳавосанҷии вилоятҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ семинари омӯзишӣ оид ба мавзӯи “Омӯзиш, насб ва кор бо системаҳои “Персона-Мис” ва “Персона Мип” оғоз гардид.

Бояд қайд намуд, ки семинари мазкур дар ҳамкорӣ бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ “WFP” ташкил гардида, дар самти омӯзиши кор ва истифодаи самараноки системаҳои “Персона-Мис” ва “Персона-Мип” нигаронида шудааст. Барномаи семинари омӯзишӣ масъалаҳои насб ва танзими система, воридкунии маълумот ба система, пешниҳоди графикии натиҷаҳои коркард ва технологияи бойгониикунонии маълумотро дар бар мегирад .

Қобили қайд аст, ки Системаҳои “Персона-Мис” ва “Персона-Мип” системаҳое мебошанд, ки барои коркарди маълумотҳои обуҳавошиносӣ зарур арзёбӣ гардида, дар бештари Хадамотҳои обуҳавошиносии ҷаҳонӣ ҷорӣ карда шудаанд. 




13.08.2024