Баргузории Конфронси байналмиллалӣ дар мавзӯи “Мониторинги пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ – идоракунии хавфҳо”
Дар идомаи ҷонибдориҳо вобаста ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди масъалаҳои тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологиии инсоният, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Филиали Агентии Оғохон оид ба макони зист (АКАН) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи "Ҷомеаҳои мутобиқ ва устувор дар муҳити зисти худ (ARCH)", ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад, Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Мониторинги пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ – идоракунии хавфҳо”-ро рӯзҳои 26-27 августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор намуданд, ки дар рафти он намояндагони як қатор созмон ва ташкилотҳои байналмиллалӣ, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, олимону коршиносони соҳавӣ ва ВАО иштирок доштанд.
Дар рафти суханрониашон Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. қайд намуданд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешқадам эътироф гардида, ташаббусҳои глобалиро дар соҳаи иқлим ва об пеш мебарад. Тасдиқи ин гуфтаҳо аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабули қатънома дар бораи "Эълони соли 2025 - ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ва "21 март- ҳамчун рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо" мебошанд. Ҳамзамон қабули қатъномаи “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, барои солҳои 2025–2034” аз 13 августи соли 2024 аз ҷумлаи онҳо мебошанд, ки барои ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои муҳими ҳифзи пиряхҳо ва криосфера заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Қобили қайд аст, ки конфронс барои мубодилаи ғояҳо ва интиқоли дониш байни олимон, таҷрибаомӯзон ва сиёсатмадорон муҳити мусоид фароҳам оварда, ба пешрафти илмӣ дар соҳаи хатарҳои марбут ба зуҳуротҳои селӣ, тадбирҳои коҳиш ва вокуниши онҳо, ҳамзамон дар баробари баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи хатарҳо ва идоракунии илмӣ ва технологии онҳо, ба ташаккул ва пешбурди шарикӣ ва ҳамкории шабакавӣ дар байни коршиносони иштирокчӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо назардошти фаъолияти саҳроӣ Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Мониторинги пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ – идоракунии хавфҳо” рӯзҳои 28-31 августи соли 2024 дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ш. Хоруғ корашро идома медиҳад.
27.08.2024