Санаи 19 сентябри соли 2024 дар толори Агентии обуҳавошиносӣ вохӯри роҳбарияти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) оиди лоиҳаи “Барномаи Осиёи минтақавии муҳоҷират” (Asia RMP) баргузор гардид. Ҳадаф аз ин вохӯрӣ таъсиси чаҳорчӯби ҳамкориҳои дарозмуддат ва мутақобилан судманд байни Агентии обуҳавошиносӣ ва лоиҳаи “Барномаи Осиёи минтақавии муҳоҷират” (Asia RMP) мебошад, ки бештар дар самтҳои тағйирёбии иқлим ва кӯлҳои рахнашванда нигаронида шудааст.
20.09.2024