Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Вохӯрии роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ бо намояндагони Созмони Байналмиллалии Муҳоҷират

Санаи 23 сентябри соли ҷорӣ дар толори Агентии обуҳавошиносӣ вохӯрӣ байни Роҳбарият ва мутахассисони соҳавии Агентӣ бо намояндагони Созмони Байналмиллалии Муҳоҷират (IOM) – Кок Саския, Айеер Роҳит ва Сойадип Банерҷӣ, донори барнома Жасмин Штолтсфус баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои ҳамкориҳо дар доираи лоиҳаи “Барномаи Осиёи минтақавии муҳоҷират” (Asia RMP), ки бештар дар самтҳои тағйирёбии иқлим ва кӯлҳои рахнашванда равона гардидааст, матраҳ гардиданд.

       Дар доираи вохурӣ коршиносон ҷиҳати шиносоӣ оид ба рафти фаъолият аз стансияи агрометорологии Ҳисор диданд намуданд. 

25.09.2024