Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Вазъи захираҳои оби ҷаҳонӣ дар соли 2023

Дар гузориши СУО оид ба "Вазъи захираҳои оби ҷаҳонӣ" мушкилоти марбут ба захираҳои оби ҷаҳонӣ таъкид гардидааст. Аз ҷумла мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки панҷ сол пай дар пай ҷараёни оби дарёҳо ва обанборҳо аз меъёри муқаррарӣ камтар ба қайд гирифта шудаанд. Ин норасоӣ ба аҳолӣ, соҳаи кишоварзӣ ва экосистемаҳо таъсири назаррасро мерасонад. Ғайр аз он, пиряхҳо бузургтарин талафоти оммавиро дар 50 соли охир аз сар гузаронидаанд ва соли 2023 соли дуввуми талафоти зиёдтарини ях дар ҷаҳон арзёбӣ гардид.

Гузориш инчунин таъкид менамояд, ки соли 2023 гармтарин сол дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ буда, бо хушксолии тӯлонӣ ва обхезиҳои азим, ки ҳам аз ҷараёнҳои Ла-Нина ба Эл-Нино ва ҳам аз тағйирёбии антропогении иқлим вобастагӣ доранд,  ба вуҷуд омадааст. Ҳуҷҷати мазкур арзёбии глобалии захираҳои обиро бо такя ба маълумоти Хададамотҳои обуҳавошиносӣ барои огоҳонидани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бахшҳои ҳассос ба об ва идоракунии хатарҳои офатҳои табиӣ пешниҳод мекунад. Он силсилаи гузоришҳои Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ - "Вазъи иқлими ҷаҳонӣ" - ро пурра мекунад.

Айни замон бори сеюм аст, ки нашрияи мазкур мукаммалтарин нашрия буда, аз ҷумла маълумоти нав дар бораи кӯлҳо, обанборҳо, намнокии хок ва пиряхҳоро дар бар мегирад. Ҳадафи ҳуҷҷати мазкур эҷоди маҷмӯи маълумоти ҷаҳонӣ оид ба нишондиҳандаҳои обшиносӣ (гидрологӣ) барои дастгирии системаҳои огоҳии барвақтӣ дар самти захираҳои обӣ то соли 2027 мебошад.

Бо дарназардошти он, ки айни замон 3,6 миллиард нафар аҳолии Курраи Замин бо норасоии об рӯ ба рӯ шудаанд ва то соли 2050 шумораи онҳо ба 5 миллиард нафар хоҳад расид, гузориш зарурати фаврии амалро барои ноил шудан ба 6-умин Ҳадафҳои рушди устувор оид ба “Об ва Беҳдошт” таъкид менамояд.

https://wmo.int/ru. Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ манбаи бонуфузи иттилоот дар системаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои обу ҳаво, иқлим ва об мебошад.


29.10.2024