Санаи 30 октябри соли 2024 роҳбарият ва мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Гурӯҳи техникии Бонки Ҷаҳонӣ вохӯрии дуҷонибаро анҷом доданд.
Дар рафти вохӯрӣ намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла Хенрике Брехт роҳбари лоиҳа - мутахассиси калон ва ба ҳайати гуруҳи корӣ, Толкун Жукушева - ҳамраиси гурӯҳҳои лоиҳа, мутахассиси калони идоракунии хатари офатҳо, Фаридун Сангинов - мутахассиси идоракунии хавфи офатҳо, Ахсан Техсина - мутахассиси калон оид ба идоракунии хавфи офатҳо, Фатих Кая - коршиноси соҳаи обуҳавошиносӣ, Харджот Каур - мутахассиси калон оид ба рушди иҷтимоӣ, Лулва Алӣ - мутахассиси калон оид ба масъалаҳои муҳити зист, Ирина Гончарова - мутахассиси калони харид, Алия Ким - мутахассиси идоракунии молиявӣ ва Алиса Соарес - коршиноси соҳаи обуҳавошиносӣ иштирок намуда, бо роҳбарияти Агентӣ масъалаҳои амалишавии марҳилаи дуюми пешниҳодшудаи Лоиҳаи муҷаҳҳазгардонии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осёи Марказӣ (CAHMP II), ҳамзамон нақшаи ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати рушди хизматрасониҳои обуҳавошиносиро матраҳ намуданд.
31.10.2024