Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни “30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Санаи 1 ноябри соли ҷорӣ тибқи нақша-чорабиниҳо дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият, сардорони раёсат, марказ ва шуъбаҳои Агентӣ иштирок намуданд.

Нахуст Муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Абдуллоев У. С. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, коллективи меҳнатиро ба ин ҷашни миллӣ табрик намуданд. Мавсуф дар баромади худ чунин қайд намуданд:- “Конститутсия – шиносномаи миллат буда, дар он инсон арзиши олӣ маҳсуб меёбад. Маҳз бо шарофати Конститутсия ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати моро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ шинохта, дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таҷассум ёфтааст.

Ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо азму иродаи якдилонаи шаҳрвандони кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ин дар таърихи миллати тоҷик воқеаи нодиру фараҳбахш маҳсуб меёбад. Конститутсия барои бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ташкили сохтори нави ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани ҳадафҳо ва самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат нақши босазоро дорад.

Дар баромади муовини сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Ашуралиев Д. оиди дастоварҳо ва рушду нумуи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар, такмилёбии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти захираҳои обу иқлим гуфта шуд.

Дар рафти чорабинӣ мутахассиси Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озон Сафарзода Ё, сармутахассиси Раёсати назорат ва коргузорӣ Ниёзова М. баромад намуда оиди таърих, заминаҳои пайдоиш ва давраҳои рушди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуданд.

01.11.2024