Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Иштироки роҳбарият ва мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносӣ дар семинари 2-юми зерминтақавӣ: Таҳияи таҳлили ташхисӣ дар криосфера ва тағйирёбии иқлим

Санаи 4-5 ноябри соли 2024 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон аз тарафи Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар доираи лоиҳаи ЮНЕСКО-Барномаи Рушди СММ - Фонди глобалии экологӣ: Таҳкими устувории кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути фароҳам овардани имкониятҳои минтақавии ҳамкорӣ оид ба арзёбии системаҳои пиряхиву нивалӣ барои таҳияи усулҳои ҳамгирошудаи рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим семинари дуюми зерминтақавӣ оид ба мавзӯи:"Таҳияи таҳлили ташхисӣ дар криосфера ва тағйирёбии иқлим" баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар қисмати кушодашавии чорабинӣ муовини Директори Агентии обуҳавошиносӣ  муҳтарам Абдуллоев У.С. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, оиди ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти масъалаҳои обу иқлим маълумот доданд. Аз ҷумла мавсуф дар бораи ташаббуси панҷуми ҷониби Тоҷикистон дар бораи эълон гардидани “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» махсусан таъкид намуда, иштирокчиёни семинарро барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки баргузории он соли 2025 дар пойтахти мамлакати азизамон – шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, даъват намуданд.

Дар рафти семинари мазкур коршиносони миллӣ ҷиҳати баррасии пешрафти рушди муосири Таҳияи таҳлили ташхисӣ дар асоси сенарияҳои пешниҳодшудаи олимон сенарияҳои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти тағйирёбии шароити иқлимӣ таҳия намуда, барои омода намудани таҳлили ташхисӣ дар криосфера ва тағйирёбии иқлим пешниҳодҳо таҳия намуданд.


05.11.2024